01:42, 21 Ноябри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дилшод Назаров медали тиллои Гран-Прии Бразилияро ба даст овард

Варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назаров, чемпиони Бозиҳои олимпӣ дар мусобиқаи Гран-Прии Бразилия оид ба варзиши сабук медали тилло ба даст овард.

Мусобиқаи Гран-Прии Бразилия оид ба варзиши сабук 8 июл дар шаҳри Браганша Паулиста баргузор шуд. Дилшод Назаров дар намуди гурзандозӣ гурзро ба масофаи 75,18 метр ҳаво дода, ҷои аввалро сазовор шуд. Дар ин қувваозмоӣ варзишгари Молдова Сергей Маршиев ҷои дуюм (74,51), варзишгари Беларус Павел Барейша (73,28) ҷои сеюмро ишғол намуданд. Дар мусобиқа ҳамчунин варзишгарон дар қувваозмоиҳои дав ба масофаҳои 100, 400, 3000 метр, 400 метр бо монеа, ҷаҳиш бо халачӯб, ҷаҳиши секарата, тела додани ядро, партоби диск миёни мардон ва бонувон барои ҷоизаҳо талош карданд. Ёдовар мешавем, ки ин дуюмин медали Дилшод Назаров дар мавсими имсола аст. Ӯ як моҳ қабл – 8 июн дар Мусобиқаи гурзандозӣ ба хотираи қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Ҷанус Кусосинскӣ («Janusz Kusocinski Memorial») дар шаҳри Чорзуви Полша медали биринҷӣ ба даст оварда буд.