05:26, 25 Июни 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июн 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Комроншоҳи Устопириён дар Мусобиқаи байналмилалии Гран-Прии дзюдо («Grand-Prix Antalya 2018») соҳиби медали тилло гардид!

Паҳлавони номдори тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар Мусобиқаи

байналмилалии Гран-Прии дзюдо («Grand-Prix Antalya 2018»), ки дар шаҳри Анталияи Туркия шоми 8 апрел анҷом ёфт, зимни рақобат дар вазни 90 кило медали тилло ба даст овард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Комроншоҳ шоми 8 апрел дар рақобати ниҳоӣ бо қаҳрамони ҷаҳон дар гӯштини дзюдо Неманҷа Маҷдов аз Сербистон пирӯзӣ ба даст овард. Баъди ин ғалабаи паҳлавони тоҷик Тоҷикистон миёни 50 кишвари иштирокдор ба зинаи 8-ум баромад. Комроншоҳи Устопириён бори дуюм аст, ки сазовори медали тилло мегардад, зеро ӯ дар «Анталия Гран-При 2017” низ соҳиби мақоми аввал шуда буд. Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи байналмилалии Гран-Прии дзюдо зиёда аз 300 варзишгар аз 50 кишвар миёни ҳам рақобат намуданд. Дар ин мусобиқа дар вазни то 100 кг Саидҷалол Саидов мақоми ҳафтум касб кард. Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд 7 варзишгар: Наврӯз Каримзод, Беҳрӯзи Хоҷазода, Мирзоҷамил Рамазонов, Ҷаҳонгир Маҷидов, Акмал Муродов, Комроншоҳи Устопириён ва Саидҷалол Саидов муаррифӣ намуданд.