23:25, 15 Октябри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Имрӯз дар шаҳри Душанбе боз чор майдони хурди футбол ба истифода дода шуд

Имрӯз дар варзишгоҳи «Автомобилист»-и пойтахт бо иштироки Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон

Рустами Эмомалӣ ва Президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Алхалифа чор майдони хурди замонавии футбол мавриди истифода қарор гирифт. Дар расми бошукӯҳи кушода шудани майдонҳо Президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ ва Президенти КФО Шайх Салмон бин Иброҳим Алхалифа қаноатмандии худро аз ҳамкории судманди КФО ва ФФТ баён карда, изҳор доштанд, ки минбаъд чунин барномаҳои ҳамкорӣ боз ҳам вусъати тоза хоҳанд гирифт. Президенти Конфедератсияи футболи Осиё, ки дирӯз ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф овард, бо роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон мулоқот карда, масоили дурнамои рушду инкишофи футбол дар минтақаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳад.