05:20, 25 Июни 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июн 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Футбол: рақиби дастаи «Хуҷанд» дар Ҷоми КФО-2018 муайян гардид

Рақиби дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд-дорандаи медали нуқраи Чемпионати Тоҷикистон

дар плей-оффи Ҷоми КФО-2018 дастаи футболи «Аҳал»-и Балканобод, дорандаи медали нуқраи Чемпионати футболи Туркманистон гардид. Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, бозии аввали дастаи футболи «Хуҷанд»-и Тоҷикистон дар плей-оффи Ҷоми КФО-2018 бо дастаи «Аҳал»-и Туркманистон 13 феврал дар Балканобод барпо мегардад. Бозии ҷавобии ин дастаҳо 20 феврал дар Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад. Ёдовар мешавем, ки ғолиби ин ҷуфт ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2018 роҳ ёфта, дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон, «Алтин Асир»-и Туркманистон ва «Олой»-и Қирғизистон рақобат мекунад.