03:33, 19 Октябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Бохти Тоҷикистон аз Яман

Дареғ аз ин, ки бидуни эътино ба ҷаҳду талошҳои хастагинопазири футболбозони

мунтахаби миллии Тоҷикистон онҳо нахустин дидори худро дар доираи рақобатҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар сафар аз бохт ибтидо намуданд. Футболбозони тоҷик аз дастаи Яман бо ҳисоби 1:2 мувоҷеҳи шикаст шуданд. Нахустин голи бозингарони ҳамватани моро дар нафасҳои аввал, саҳеҳтараш дар дақиқаи 9-уми пайти якуми нерусанҷӣ Парвизҷон Умарбоев ба дарвозаи яманиҳо таслим кард. Аммо ин таносубро то хатми бозӣ мисле, ки дар дидори рафиқона бо мунтахаби миллии Баҳрайн ҳифз карда натавонистанд. Чароки пай дар пай ба дарвозаи худ ду гол хурданд. Мутаасифона як голро иштибоҳан муҳофизатгари хати дифои мунтахаби миллӣ Давронҷон Эргашев ба дарвозаи худ овард. Баъдан дар дақиқаи 63-уми бозӣ варзишгари дастаи миллии мизбонон Ала Абдулла Ал Саси бо задани як зарбаи нишонраси дигар тақдири бозиро ҳалу фасл сохт. Ба ҳамин тартиб бозӣ байни тимҳои миллии Яман ва Тоҷикистон бо ҳисоби 2:1 ба суди соҳибони замин ба итмом расид.