02:55, 15 Октябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Месси голи ғалабаоварро ба ҳадаф расонид

Дар даври 24-уми чемпионати Испания дастаи “Барселона”

дар варзишгоҳи “Висенте Калдерон” бо “Атлетико Мадрид” дидор анҷом дод. Ин бозӣ хеле ҷолибу тамошобоб сурат гирифта, бо ҳисоби 1:2 ба нафъи меҳмонон хотима ёфт. Голи аввалини нилунориҳоро нимҳимоятгари бразилӣ Рафиния дар дақиқаи 64-уми рақобат ба ҳадаф расонд. Пас аз чор дақиқа бо патофти зебои футболбози “Атлетико” Коке ҳамдастаи ӯ Годен бо зарбаи сар тӯбро вориди дарвозаи Тер Штеген намуд. Баъди мусовӣ шудани бозӣ дастаҳо рақобати шадид нишон доданд. Ҳамлаҳои пай дар пайи шогирдони Луис Энрике самар доду дар дақиқаҳои охири дидор аниқтараш дар дақиқаи 86-уми бозӣ Месси голи ғалабаоварро ба ҳадаф расонида, дастаашро аз шикаст раҳо сохт. Каталониҳо баъди даври 24-уми бозӣ бо доштани 54-имтиёз дар зинаи 2-юми ҷадвали мусобиқаи Чемпионати Испания қарор доранд. Дастаи “Атлетико” бошад, бо дарёфти 45 имтиёз зинаи 4-уми ҷадвали мазкурро аз худ кард.