21:57, 31 Майи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Май 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Иштироки лижаронони тоҷик дар Бозиҳои VIII зимистонаи осиёӣ

Аз 19 то 26-уми феврали соли 2017 дар шаҳри Саппорои Япония

Бозиҳои VIII зимистонаи осиёӣ баргузор карда мешаванд. Дар он варзишгарон аз 29 давлати Осиё, Австралия ва Зеландияи Нав иштирок менамоянд. Варзишгарон аз рӯйи 11 намуди варзиш, аз ҷумла биатлон, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, скейтинг, сноуборд, рақси рӯйи ях, чавгонбозӣ ва ғайра байни худ рақобат хоҳанд намуд. Тоҷикистонро варзишгарони кишвар дар ҳайати Соҳибназари Турсунмурод, Баракатулло Зокиров, Сайфиддини Низомиддин ва Баҳриддин Ғоибов аз намудҳои лижаронии кӯҳӣ дар ин бозиҳо муаррифӣ менамоянд. Айни замон варзишгарони мо дар меҳмонхонаи «APA Hotel» қарор дошта, ба сабқатҳо омодагӣ мебинанд. Онҳо рӯзҳои 22-24-уми феврал аз намудҳои лижаронии кӯҳӣ рақобат мекунанд. Ҳайати дастаи Тоҷикистон бо сарпарастии Ассосиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон бо тамоми лавозимоти муосири варзишӣ таъмин гардида, бо маблағгузории ин Ассосиатсия имкони иштирок дар ин мусобиқаи бонуфузро пайдо намуд.