14:56, 21 Октябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

«Ҳосилот» барои Ҷоми КФО як қадам ба пеш гузошт

«Ҳосилот»-и Фархор дар мубориза барои Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё

(КФО) як қадам ба пеш гузошта, дирӯз дар варзишгоҳи марказии пойтахт дар ҳузури 10 000 мухлис бар мизбони ин вохӯрӣ-чемпиони Афғонистон «Шоҳин Асмоӣ» бо натиҷаи 1:0 ғолиб омад. Ин бозии аввалини таърихии дастаҳо дар сатҳи Осиё ба шумор меравад. Дар ҷараёни бозӣ тарафҳо имконияти хуби голзании зиёд доштанд, аммо ҳамлагарон аз он истифода намебурданду дарвозабонҳо маҳорати олӣ нишон медоданд. Ягона голро Иброҳим Рабимов дар дақиқаи 35-ум ба дарвозаи Бакташ Акбарӣ равон кард. Бозии ҷавобии дастаҳои «Ҳосилот»-и Фархор ва «Шоҳин Асмоӣ» дар ҳамин Варзишгоҳи марказӣ 7 феврал барпо мегардад. Дар робита ба бозиҳои нахустини плей-оффи Ҷоми КФО дирӯз дастаҳои «Шабоб Алхалил»-и Фаластин бар «Алсувақ»-и Уммон бо натиҷаи 2:1, «Ҳоум Юнайтед»-и Сингапур бар «Пномпен Кроун »-и Камбоҷа дар сафар 4:3 ғолиб омаданд. Вохӯрии дастаҳои «Дордой»-и Қирғизистон бо «Балкан»-и Туркманистон бо натиҷаи 1:1 ҷамъбаст шуд ва «Балкан» имконияти хуби аз ин марҳала баромаданро соҳиб аст, зеро бозии баргашт дар Туркманистон мегузарад. Дар ҳамин поя дар Осиёи Ҷанубӣ «Коломбо» -и Шри Ланка дар майдонаш аз «Моҳун Баган»-и Ҳиндустон бо натиҷаи 1:2 мағлуб шуд. «Симпу Сити»-и Бутан бо «Валенсия»-и Малдив вохӯриашонро мусовӣ (0:0) анҷом доданд.