03:05, 20 Марти 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Март 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Бохти “Истиқлол” аз тими “Қайсар”

Қаҳрамони Тоҷикистон оид ба футбол бошгоҳи “Истиқлол”-и Душанбе, ки

фурсату фосилаи таълимию тамриниро дар кишвари Туркия гузора дорад, дирӯз зимни баргузории як бозии озмоишии дӯстона бо дастаи “Қайсар”-и Қазоқистон андари майдони рақобат гардид. Мутобиқ ба муълумоти расмии сомонаи бошгоҳи “Истиқлол” дар ин дидор душанбегиҳо нахуст ба кушудани ҳисобит бозӣ дастёфтанд, аммо дар фосилаи боқимондаи вақти бозӣ натавонистанд ин ҳисобро нигоҳ бидоранд ва ба дарвозаи худ се гол сар доданд. Дастпарварони Муҳсин Муҳаммадиев зимни бозигузории хуб чанд ҳолати хатарсозро назди дарвозаи рақибон созмон доданд ва дар дақиқаи 21-уми рақобат як зарбаи дурусту дақиқи Манучеҳр Ҷалилов хатти дифои муқтадири ҳарифонро раҳна кард. Баъд аз он, ки Соҳиб Саванқулов дар ҷаримагоҳи ҳамдастагонаш қоидаи бозиро вайрон намуд, довар зарбаи ҷаримавӣ таъйин кард. Аз ин ҳолат бозингари тими “Қайсар” Стефан Николич ба хубӣ истифода намуда, ҳисобро баробар сохт. Як голи дигарро қайсариҳо дар дақиқаи 32-уми дидор ба ҳадаф расониданд. Дар қисми дуюм низ муҳорибаи шадиду ошитинопазир сурат гирифт ва ҳолатҳои головар барои ҳар ду тим ҳам созмон ёфт, аммо аз аз ин ҳолат дар дақиқаи 64-уми дидор футболбозони тими “Қайсар” босамар истифода намуда голи сеюми худро ба ҳадаф расониданд. Ёдрас мешавем, ки бозии қаблии “Истиқлол” бо тими “Интер”-и Бокуи Озарбойҷон низ бо пирӯзии рақибон анҷом ёфта буд. Акнун дастпарварони Муҳсин Муҳаммадиев 26-уми январи соли равон бо дастаи “Пандурий”-и Руминия неру меозмоянд.