03:27, 19 Октябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Ғалабаи Тоҷикистон бар Ҳиндустон

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи XXIX

байналмилалӣ барои гиромидошти хотираи муовини аввали раиси ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) Валентин Гранаткин дар бозии охиринаш бар мунтахаби Ҳиндустон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд ва дар ҷойи пешазохирин - 15-ум қарор гирифт. Голи ягонаро дар ин бозӣ, ки рӯзи 20-уми январ дар Маҷмааи варзишию фарҳангии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия барпо гардид, Умарҷон Шарифов дар нимаи дуюми дидор, дар дақиқаи 80-ум, ба самар расонд. Бояд гуфт, ки дар дақиқаи 59-ум бозигари мунтахаби Тоҷикистон Эҳсони Панҷшанбе корти сурх гирифт ва аз бозӣ хориҷ шуд. Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Виталий Левченко, ки аз ҳисоби бозигарони соли таваллудашон 1999 ва аз он хурдтар таркиб ёфтааст, дар ин мусобиқа ҳамагӣ шаш бозӣ анҷом дод. Футболбозони ҷавони тоҷик дар ду бозӣ бар дастаҳои Юнон ва Ҳиндустон бо ҳисоби якхелаи 1:0 ғолиб омада, як бозиро бо мунтахаби Эстония бо ҳисоби 1:1 анҷом доданд ва де се бозӣ аз тимҳои Булғористон бо ҳисоби 0:1, Беларус аз рӯйи пеналтӣ бо ҳисоби 6:7 ва Литва аз рӯйи пеналтӣ бо ҳисоби 4:5 мағлуб гаштанд.