03:38, 19 Октябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Охирин бозии санҷишии «Истиқлол» бо «Ҳосилот»- и Фархор пеш аз сафар ба Туркия

Чемпиони Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе бозии охирини худро

пеш аз сафар ба Туркия бо «Ҳосилот»-Фархор дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ барпо намуд. Вохӯрӣ бо натиҷаи 3:2 бо ғолибияти чемпионҳо хотима ёфт. «Истиқлол»-и Душанбе ва «Ҳосилот»-и Фархор, ки тайёрии худро ба бозиҳои Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) идома медиҳанд, дирӯз бо як бозии таҷрибавию санҷишӣ хотири мухлисонашонро шод карданд. Аз оғоз бозии ин дастаҳо ниҳоят ҷолибу шавқовар сурат гирифт. Легионери ӯзбекистонии дастаи «Ҳосилот»-Сайриддин Ғаффоров тавонист дар дақиқаи 7-ум ҳисобро боз кунад. Беҳтарин бозингари соли гузаштаи кишварамон Манучеҳр Ҷалилов 10 дақиқа пеш аз анҷоми нимаи аввал натиҷаро баробар кард. Дмитрий Баркови рус, ки аз назари мураббиёни «Истиқлол» мегузарад, дар дақиқаи 50-ум соҳибони майдонро ба сафи пеш баровард. Ин голи сеюми Барков дар ду бозии охири санҷишии «Истиқлол» ба шумор меравад. Ҷаҳонгир Алиев муаллифи голи сеюми «Истиқлол» ва Хайрулло Азизов муаллифи тӯби дуюми «Ҳосилот» гардиданд. Ин охирин бозии санҷишии «Истиқлол» пеш аз сафар ба шаҳри Анталияи Туркия мебошад, ки даста марҳилаи навбатии омодагиро таҳти роҳбарии Мӯҳсин Муҳаммадиев дар он ҷо барпо мекунад. Ёдовар мешавем, ки «Истиқлол» ва «Ҳосилот» имсол шарафи Тоҷикистонро дар бозиҳои Ҷоми КФО ҳимоя мекунанд.