22:02, 07 Апрели 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Апрел 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Варзишгарони тоҷик аз Қазоқистон бо 4 медал ба Ватан баргаштанд

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба каратэ-киёкушинкай

аз Чемпионати кушоди Қазоқистон бо 4 медал ба Ватан баргашт. Тайи 2 рӯз дар шаҳри Алмаато мусобиқаи байналмилалӣ дар риштаи каратэ-киёкушинкай баргузор гардид, ки варзишгарони тоҷик низ дар қатори намояндагони 6 кишвари дигар дар он ширкат варзиданд ва дар охир соҳиби 4 медал, як тилло, як нуқра ва ду биринҷӣ шуданд. Медали тиллоро аз миёни варзишгарони синну соли 18 сола боло Сиёвуш Давталов дар вазни 85 кило ба даст овард. Нишони нуқраро аз миёни варзишгарони синну соли 16-17 сола Расулзода Аҳтам дар вазни 60 кило аз они худ кард. Алиев Ҷовидон сазовори ҷойи 3-юм гардид. Тавре мураббӣ Исмоил Назаров иброз намуд, баъди ин омодагии дастпарварони худро ба чемпионати Осиё, ки моҳи апрели соли равон дар Ҷумҳурии Корея баргузор мегардад, хуб ба роҳ монда, соҳиби дастовардҳои назаррас хоҳанд шуд.