23:03, 26 Майи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Май 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Шамсулло Соҳибов президенти Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон интихоб шуд

Шамсулло Соҳибов — намояндаи тиҷоратии Душанбе

дар Бритониё ва Ирландияи Шимолӣ президенти Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон интихоб шуд. Дар ин бора аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд. Вай ба ин мақом дар конфронси ин ассотсиатсия, ки 2 январ дар мавзеи Сафеддараи минтақаи Такоби ноҳияи Варзоб сурат гирифт, интихоб шудааст. Роҳбари пешини Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон Ибодулло Қурбонов ба далели беморӣ аз мақомаш истеъфо додааст. Шамсулло Соҳибов ба навъҳои зимистонаи варзиш, бахусус лижаронии кӯҳӣ таваҷҷуҳи зиёд доштааст ва бинобар ин аз сӯи иштирокдорони конфронс ба ин вазифа якдилона интихоб гардид. Бояд гуфт, ки мавзеи Сафеддара вазъи ногувор дошт ва баъди пайдо кардани соҳиби наваш дубора ба макони тамрини варзишгарон ва саёҳати ҷаҳонгардон табдил меёбад. Ҳоло роҳҳо то Сафеддара васеъ карда шуда, меҳмонхонааш низ ба талаботи муосир ҷавобгӯ шудааст. Дар Тоҷикистон ҳоло ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи бештар ба намудҳои варзиши зимистона ҳамчунин як мактаби махсуси кӯдакону наврасон оид ба намудҳои зимистонаи варзиш, ки тобеи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мебошад, дар заминаи урдугоҳи лижаронии Сафеддара амал мекунад.