22:55, 19 Ноябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Филми «Ҷосуси махфӣ» рӯйи саҳнаи синамо омад

Дар ҳафтаи навин филми ҳунарии «Ҷосуси махфӣ»

бо зерхати «Барои наҷоти хеш ба касе бовар накун» дӯстдорони жанрҳои триллери ҷусҷӯйиро ба тааҷҷуб мебарад. Филми мазкурро коргардон Майкл Аптед филмномаро Питер О’Брайэн, Дерек Колстад таҳия намуда, корсозии онро Клаудия Блюмхубер, Лорентсо Ди Бонавентура ва дигарон дар ихтиёр доштанд. Нақшҳои асосиро дар ин филм: Нуми Рапас, Орландо Блум, Майкл Дуглас, Тони Коллетт, Акшай Кумар ва дигарон иҷро намудаанд. Филм аз ҳаёти Элис Райсин- зани ҷавону боғайрат, зебову дилрубо, ҳақиқатпараст ва ниҳоят ҷасуру далер, ки ӯ ҷосуси махфии Кумитаи бехатарии Амрикост оғоз мешавад. Элис дар ҷойи кори худ бо ҳақақатанигорӣ ва зебоии худ обрӯи калоне дошт, вале бо як туҳмати ногаҳоние, ки гӯё ӯ сири давлатиро дар назди як гурӯҳи ҷиноят кор ба тариқи зуроварӣ ифшо намудааст, ба рӯйхати сиёҳ дохил мегардад. Ҳамин тариқ душманонаш тавонистанд ӯро ба ғаму ғусаи зиёде дучор созанд. Акнун дар шаҳри Лондон хатари яроқи биологӣ тамоми кишварҳои оламро ба андешаи хатарнок кашидааст. Дар ин миён ба ёрии Элис ҳамкораш-марди Ҷавону нотарс ва инсондӯст бо номи Ҷек Олкот ва сардори идораи махфии онҳо Эриш Леш меояд. Онҳо дар якҷоягӣ барои номи Элисро аз рӯйхати сиёҳ берун кардан ва нест намудани яроқи биологӣ тамоми қувва ва тавоноии худро сарф мекунанд. … Филми ҳунарии «Ҷосуси махфӣ» бо зерхати «Барои наҷоти хеш ба касе бовар накун» соли 2017 дар Британияи Кабир ва Амрико аз ҷониби ширкати синамосозии «Фокс қарни 20» ва «Лионсгет интертаймент» дар жанрҳои триллери ҷустҷӯйӣ, тахайюлӣ-ҷангӣ ва саргузаштӣ бо маблағи тақрибан 60 млн доллар наворбардорӣ шудааст. Ҳаҷми умумии филм 98 дақиқаро дар бар мегирад. Мухлисону алоқамандони бад-ин гуна филмҳоро асосан шарвандони синамопарасти давлатҳое чун Амрико, Италия, Британияи Кабир, Олмон ва кишварҳои муштаракулманофеъ ташкил медиҳанд. Филм дар аксар мамолики дунё, аз ҷумла дар Тоҷикистони азизи мо ҳам аз кинотеатри 3D-и Наврӯз дар ҳоли намоиш умум қарор дорад.