17:07, 23 Октябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаи саӣёри Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок намуд

Ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров

дар ҷаласаи сайёри навбатии Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки 20 майи соли равон дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид, иштирок намуд. Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов иттилоъ дод, дар рафти ҷаласаи Шӯро, ки таҳти раёсати Раиси Ассамблеяи Парламентии СААД Вячеслав Володин доир шуд, раисони парлумонҳои ин Созмон иштирок намуданд. Ба иттилои манбаъ, дар рӯзномаи ҷаласаи мазкур зиёда аз 15 масъалаи мубрам, аз ҷумла, таъмини амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардиданд. Бояд гуфт, ки рушди ҳамкории бисёрҷониба бо мамлакатҳои аъзои СААД яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳамкорӣ дар доираи ин Созмон ҷавобгӯи манфиатҳои миллии Тоҷикистон аст ва он имкон медиҳад, ки бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва умуман ба хотири таъмини амният ва суббот дар тамоми минтақаи Аврупо ва Осиё, инчунин ҳимояи тамомияти арзӣ ва истиқлолияти давлатҳои аъзо фаъолона тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. Ёдовар мешавем, ки дар интиҳои ҷаласа нақша чорабиниҳои бастаи санадҳои нав ба имзо расид.