03:53, 15 Декабри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Раиси Иҷлоси 73-юми Маҷмаи Умумии СММ

20 сентябри 2018 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар

доираи сафари кории худ ба шаҳри Ню-Йорки ИМА дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид бо Раиси Иҷлоси 73-юми Маҷмаи Умумии СММ (МУ СММ) хонум Мария Фернанда Эспиноза мулоқот анҷом дод. Вазири корҳои хориҷӣ хонум Эспинозаро ба муносибати интихоб гардиданаш ба мақоми Раиси МУ СММ табрику таҳният гуфта, омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои зич бо Дафтари Раиси МУ СММ баҳри иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалӣ ва ҳалли мушкилоти ҷории ҷаҳонӣ иброз намуд. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон бо сохторҳои СММ-ро мавриди баррасӣ қарор дода, ҳамчунин роҷеъ ба мавзӯъҳои амнияти минтақавӣ ва татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла ҳадафҳои марбут ба об ва беҳдошт табодули афкор намуданд.