14:26, 15 Августи 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир ба натиҷаҳои фаъолият дар шашмоҳаи якуми соли равон ҷаласаи васеъ доир гардид

24.07.2018 Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии пойтахт дар шашмоҳаи якум ва муайян намудани вазифаҳо барои шашмоҳаи дуюми соли 2018 ҷаласаи васеъ доир гардид. Дар ҷаласа сараввал Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ доир ба вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди ин соҳаҳо ҳисобот дод. Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Раиси шаҳр зимни пешниҳоди ҳисобот, аз ҷумла, зикр кард, ки маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар ин давра ба 5,8 миллиард сомонӣ расида, суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 ба 6,5 фоиз ва ҳиссаи он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб ба 21 фоиз баробар гардидааст. Рустами Эмомалӣ ба муовинони соҳавӣ, раисони ноҳияҳо ва дигар сохторҳои дахлдор дастуру супориш дод, ки фаъолияти корхонаҳоеро, ки истеҳсолро кам ё қатъ кардаанд, ҳамаҷониба мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода, барои истеҳсоли ҳаҷми зарурии маҳсулоти саноатӣ ва пайдо намудани манбаъҳои нави андоз тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намоянд. Бо инобати коҳиш ёфтани истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ дар корхонаҳои саноатии пойтахт такмил додани фаъолияти корхонаҳои дӯзандагӣ, бахусус доир ба истеҳсоли либосҳои ягонаи мактабӣ барои хонандагони мактабҳои миёна, духтурон ва ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбари ҷамъиятӣ зарур шуморида шуд. Дар ҷаласа таъкид гардид, ки дар пойтахт дар давраи ҳисоботӣ 16 корхонаю коргоҳҳои истеҳсолии нав бо таъсиси беш аз 110 ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз кардаанд. Тибқи маълумоти оморӣ, дар маҷмӯъ 13 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудаанд, вале дар соҳаҳои алоҳида раванди фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ беҳбудӣ тақозо мекунад. Дар ҷаласа зикр шуд, ки қарзи истифодаи неруи барқ 437 миллион сомониро ташкил медиҳад ва нисбат ба аввали сол 21 миллион сомонӣ зиёд гардидааст. Раиси шаҳр дар самти коҳиш додани қарзи истифодаи энергияи барқ дастур дод, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тадбирҳои муассир андешида шаванд. Тибқи нақшаи соли равон, 1700 адад иншооту биноҳо бо дарназардошти нақшаи соли гузашта ба шабакаҳои гармидиҳӣ бояд пайваст шаванд. Раиси шаҳри Душанбе таъкид кард, ки ин нақшаро то 1800 адад расонида, ҷиҳати омодагӣ ва ба қабули гармӣ тайёр намудани биноҳои истиқоматӣ ва иншооти дигар, навсозии шоҳқубурҳои магистралию дохиликварталӣ ва пойгоҳҳои гармидиҳӣ якҷоя бо ширкати «Барқи Тоҷик» тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. Яке аз масъалаи дигаре, ки аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе ба таври амиқ таҳлилу баррасӣ гардид, ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон ба 1 миллиард сомонӣ баробар шуда, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли сипаришуда 76,8 фоизро ташкил додааст, ба шумор меравад. Тавре иттилоъ дода шуд, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар 93 иншооти гуногун корҳои сохтмону васлкунӣ идома дошта, 21 иншоот, аз ҷумла, сохтмону навсозии 7 муассисаи таълимӣ ба анҷом расонида шудаанд. Инчунин дар 28 иншооту биноҳои шафати роҳи протоколӣ корҳои таъмирӣ идома дошта, дар 8 бино аллакай корҳо ба анҷом расонида шудаанд. Раиси шаҳр иттилоъ дод, ки дар шаҳри Душанбе сохтмони 9 муассисаи таълимӣ барои 8404 ҷой аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1040 ҷой аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 муассисаи таълимӣ барои 5804 ҷой аз ҷониби ҷамъиятҳои саҳомӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 4020 ҷой давом дорад. Сохтмони 3 муассисаи томактабӣ барои 690 ҷой аз ҳисоби буҷети шаҳр ва 11 муассисаи томактабӣ барои 1027 ҷой аз ҳисоби соҳибкорон идома дорад. Аз ибтидои сол то имрӯз аз ҷониби вазорату идора, ташкилоту муассиса ва соҳибкорони алоҳида дар пойтахт 72 майдончаи варзишӣ ва 3 боғу гулгашт бунёд гардидаанд. Дар ин робита Раиси шаҳр масъулинро вазифадор кард, ки барои ба роҳ мондани истифодаи мақсадноки иншооти варзишӣ ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои корношоям гардидани дастгоҳу таҷҳизоти онҳо чораҷӯӣ намоянд. Яке аз ҳадафҳои роҳбарияти шаҳри Душанбе ба меъёрҳои замонавии шаҳрдорӣ мутобиқ намудани инфрасохтори пойтахт ба шумор рафта, дар 17 иншооти роҳсозӣ ба дарозии 29 километр ва 3 иншооти ирригатсионӣ ба дарозии 4 километр корҳои таъмиру навсозӣ оғоз гардида, дар 5 иншооти дигар дар масофаи 9 километр ва дар масоҳати 134 ҳазор метри мураббаъ корҳои сохтмонӣ ба итмом расонида шудаанд. Раиси шаҳр таваҷҷуҳи масъулини соҳаҳои дахлдори шаҳрро ба сифати корҳои сохтмонӣ дар иншооти бунёдшавандаи пойтахт ҷалб намуда, риояи талаботи технологиро дар ин раванд қотеъона талаб намуд. Дастовардҳо дар соҳаи нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятии пойтахт низ назаррас буда, дар давоми якуним сол ба шаҳр 169 автобуси замонавӣ ворид карда шуданд ва то моҳи сентябри соли равон 95 адади дигар бояд ворид карда шаванд. Дар ин робита, Раиси шаҳр таъмини бартарияти мусофиркашонӣ дар фаъолияти корхонаҳои коммуналии шаҳрро зарур шуморида, барои чораҷӯӣ баҳри ба танзим даровардани хатсайрҳо, сари вақт аз худ намудани маблағҳои лоиҳавӣ, таъмир ва мунтазам омода намудани нақлиёти мусофиркашонӣ ба масъулин дастурҳои мушаххас доданд. Раиси шаҳр ҷиҳати иҷрои сифатноки нақшаи андозҳо ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта аз масъулин талаб кард, ки тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд ва таъкид намуд, ки иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри истиқболи сазовори 27-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва то ҷашни 30-солагии он ривоҷ додани корҳои ободониву созандагӣ бо сифати баланд таъмин карда шуда, дар ин раванд пойтахти давлати соҳибистиқлоламон барои дигар манотиқи кишвар намуна бошад. Дар ҷамъомад муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони сохторҳои тобеи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт доир ба натиҷаҳои фаъолияти худ дар шашмоҳаи аввали соли равон ҳисобот манзур намуданд. Пас аз таҳлилу баррасӣ ва ҷамъбасти натиҷаву дастовардҳо дар самти таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр натиҷаҳои шашмоҳаи аввали соли 2018 қаноатбахш ҳисобида шуда, вазифаҳо барои давраи минбаъда муайян карда шуданд.