01:06, 13 Декабри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Р. Раҳимзода ва Ю. Шток ҳамкорӣ дар самти ҷустуҷӯи шахсони дар кофтукови байналмилалӣ бударо баррасӣ карданд

Дар доираи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳо — иштирокчиёни аъзои ИДМ дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо Котиби генералии «Интерпол» Юрген Шток вохӯрӣ доир намуд. Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаи ҳамкорӣ дар самти ҷустуҷӯи шахсоне, ки дар кофтукови байналмилалӣ қарор доранд, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳо — иштирокчиёни аъзои ИДМ аз 19 то 21 июл дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид. Дар ҷаласа миёни вазирони корҳои дохилии ИДМ оид ба ҳолати мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои мубрами фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, баррасии ҷараёни иҷрои қарорҳои қаблан қабулшуда оид ба мубориза бо терроризми байналмилалӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар чорабиниҳои муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мубодилаи афкор сурат гирифт. Баъди баррасии масъалаҳои муҳокимашаванда маросими баимзорасии қарорҳо ва Протоколи ҷаласаи мазкур баргузор гардид. Зикр гардид, ки баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳо — иштирокчиёни аъзои ИДМ ба тақвият ёфтани ҳамкории судманд, рушди муносиботи дуҷонибаю бисёрҷониба, мубодилаи иттилооти фаврӣ ва пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ мусоидат менамояд. Ба роҳ мондани системаи бонизоми мубодилаи иттилоот барои дастгир намудани шахсоне, ки дар кофтукови байналмилалӣ қарор доранд, мусоидат менамояд. P.S. Шӯрои Вазирони корҳои дохилии ИДМ бо мақсади ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ бо Қарори Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои ИДМ 19 январи соли 1996 таъсис ёфта, дар давоми мавҷудияти худ фаъолона ва манфиатнок амал менамояд. Он дар айни замон фаъолияти худро муваффақона давом дода истодааст.