23:01, 25 Сентябри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ зимни иҷлосия ба масъулин ҷиҳати рушди саноат супоришҳои қатъӣ дод

Тавре қаблан хабар додем, 11.07.2018 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум доир гардид.

Иҷлосия таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ сурат гирифт. Вакилони халқ дар оғоз котибот ва ҳайати таҳририяи иҷлосияро интихоб ва рӯзномаи кори онро тасдиқ намуданд. Ба рӯзномаи кори иҷлосия 5 масъала, аз ҷумла, гузориши раиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №№ 15, 20 ва 53; дар бораи ҷараёни татбиқи барномаҳо ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба ҳолати рушди соҳаи саноат, фаъолияти соҳибкорӣ, бунёди ҷойҳои нави корӣ ва андешидани тадбирҳои иловагӣ оид ба таъмини рушди устувори иқтисодии шаҳри Душанбе; дар бораи рафти татбиқи барномаву нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи фарҳанг, ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода оид ба раванди иҷрои нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бобати ташкили корҳои ободонию зебоигардонӣ, шинонидани дарахт, гиёҳҳо ва гулу буттаҳои ороишӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе ворид шуда буданд. Аз рӯи масъалаи якум гузориши Раиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Абдулло Холиқов шунида шуда, ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Азизиён Самӣ Солӣ, Миҷгона Рустамова ва Нурҷаҳон Исмоилов аз ҳавзаҳои интихоботии №15, №20 ва №53 тасдиқ карда шуд. Сипас вакилон ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе Фаррух Ҷумазодаро дар бораи ҷараёни татбиқи барномаҳо ва нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба ҳолати рушди соҳаи саноат, фаъолияти соҳибкорӣ, бунёди ҷойҳои нави корӣ ва андешидани тадбирҳои иловагӣ оид ба таъмини рушди устувори иқтисодии шаҳри Душанбе шуниданд. Дар ин робита Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба масъулин дастур дод, ки ҷиҳати ба истифодаи иқтидори пурраи корхонаҳо, ворид намудани технологияҳои наву муосири соҳаи саноат ва ба ин восита афзоиши истеҳсолот, таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои муассир андешанд. Инчунин масъулин муваззаф гардиданд, ки дар сурати пешниҳод нагардидани нақшаҳои мукаммали ба кор даровардани иқтидори корхонаҳои саноатӣ аз ҷониби соҳибмулкон нисбат ба онҳо тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд. Раиси шаҳр, аз ҷумла, таваҷҷуҳи роҳбарони сохторҳои марбутаро ба масъалаҳои фаъолияти корхонаҳои дӯхти либосҳои ягонаи мактабӣ ва либосҳои махсус барои корхонаҳои соҳавӣ ҷалб намуда, дастур дод, ки сатҳи истеҳсолот дар корхонаҳои саноатии пойтахт афзун карда шавад. Дастуру супоришҳо ҳамчунин ҷиҳати беҳтар намудани шароит барои фаъолияти соҳибкории хурду миёна, ривоҷи ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби сармоя ва соҳибкорони дохилӣ бобати ташкили корхонаҳои хурду миёна, назорат дар соҳаи барқ, пешгирии талафоти он ва пайваст намудани биноҳою иншооти шаҳр ба шабакаҳои гармидиҳандаи шаҳри Душанбе дода шуданд. Сипас ахбори муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ дар бораи рафти татбиқи барномаву нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи фарҳанг шунида шуд. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба масъулини соҳаи фарҳанг дастур дод, ки лоиҳаи барномаи рушди фаъолият ва самаранокии муассисаҳои фарҳангии пойтахтро таҳия намуда, аз ҷумла, баҳри беҳтар намудани фаъолияти театрҳо, китобхонаҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва омода намудани барномаву намоишномаҳои тарбиявию ахлоқӣ тавассути телевизион мусоидат намоянд. Дар идомаи кори иҷлосия муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода оид ба раванди иҷрои нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бобати ташкили корҳои ободонию зебоигардонӣ, шинонидани дарахт, гиёҳҳо ва гулу буттаҳои ороишӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳисобот дод. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз талафоти ниҳолу дарахтони воридотӣ дар боғу гулгаштҳои пойтахт изҳори нигаронӣ намуда, ба масъулин супориши қатъӣ дод, ки бо ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба нигоҳубини дурусти ниҳолу дарахтонро ба роҳ монда, нақшаи ниҳолшинонию сабзазоркуниро сари вақт анҷом дода, ҷиҳати анҷоми корҳои ободонию хуррамгардонӣ, таҳияи тарҳу композитсияҳои мутобиқи гулу буттаҳои ороишӣ дар боғу гулгаштҳо, назорати талаботу меъёрҳои бехатарӣ дар боғҳо ва ҷойҳои оммавӣ, истифодаи дастгоҳу лавозимоти замонавӣ барои дилхушии кӯдакон ва аз истифода гирифтани арғунчакҳои фарсуда мусоидат намоянд. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳамчунин бо дарназардошти дар нимаи дуюми сол баргузор гардидани чорабиниҳои муҳими сиёсии байналмилалӣ дар пойтахти мамлакат роҳбарони сохторҳои марбутаро вазифадор кард, ки нуқсону камбудиҳои мавҷударо сари вақт бартараф намуда, ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тараққиёти бештари шаҳр, афзун намудани корҳои ободонию созандагӣ, таъмини некуаҳволии сокинон ва фароҳам овардани шароити шоистаи зист барои онҳо ва ҳамеша тозаву назаррабо нигоҳ доштани шаҳри Душанбе саҳми арзанда гузоранд. Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор ба тасвиб расиданд. Бо ҳамин иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум кори худро анҷом дод.