17:30, 24 Сентябри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Ҷаласаи Шӯрои роҳбарони ҳукуматҳои ИДМ дар Душанберо қариб 300 нафар хабарнигорон инъикос мекунанд

Ҷаласаи Шӯрои роҳбарони ҳукуматҳои ИДМ-ро, ки айни замон дар Бӯстонсарои ҳукуматӣ ҷараён дорад,

қариб 300 хабарнигори хориҷӣ инъикос доранд. Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» аз макони баргузории ин ҳамоиши сатҳи баланд хабар медиҳад, рӯзноманигорони шабакаҳои телевизионӣ ва сомонаҳои хабарии давлатҳои ИДМ ҷараёни баргузории ҷаласаро дар маркази матбуот, ки дорои тамоми шароити танзим ва пахши хабару гузоришҳо мебошад, пайгирӣ менамоянд. Бояд зикр намуд, ки дар ҷаласаи Шӯрои роҳбарони ҳукуматхои ИДМ Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев, Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Андрей Кобяков, Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов, Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бахитжан Сагинтаев, Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Муҳаммадкалӣ Абилгазиев, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Арарат Мирзоян, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Ягуб Эюбов, муовини Раиси Девони вазирони Ҷумҳурии Туркманистон, Вазири корҳои хориҷии ин кишвар Рашид Мередов ва дигарон иштирок доранд. Дар ҷаласа ҳамчунин Раиси Кумитаи иҷроия-котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев ширкат меварзад.