03:50, 15 Декабри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ ба кори худ оғоз намуд

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сарони ҳукуматҳои ИДМ

таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба кори худ оғоз бахшид. Интизор меравад, ки дар оғози ҷаласа сарвазирон ва роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои ИДМ-ро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул намоянд. Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар рӯзномаи ҷаласа 14 масъала, ки ба таҳким ва густариши ҳамгироӣ дар соҳаҳои иқтисоду гуманитарӣ ва дигар самтҳо нигаронида шудаанд, мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Ҷаласа тибқи анъана дар ҳайати хосса ва васеъ доир гардида, роҳбарони ҳайатҳо дар бораи масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисод ва ҷараёни гуфтушунид оид ба лоиҳаи Созишномаи савдои озод ва хизматрасонӣ табодули афкор хоҳанд кард. Дар ҷаласаи Шӯрои роҳбарони ҳукуматҳои ИДМ дар бахши гуманитарӣ Низомнома оид ба Анҷумани омӯзгорон ва кормандони маорифи давлатҳои иштирокчии ИДМ ва Лоиҳаи байналмилалии ҷавонон «100 ғоя барои ИДМ» мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Ёдовар мешавем, ки аз 1 январи соли 2018 раёсат дар ИДМ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст.