05:24, 26 Майи 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Май 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Эътилофи "Лига" ва "Ҳаракати 5 ситора" ба хотири чист?

Роҳбарони ҳизби «Лига» ва «Ҳаракати 5 ситора»-и Италия Маттео Салвини ва Луиҷи Ди Майо тасмим доранд,

ки лоиҳаи ҳукумати эътилофиро ба президенти кишвар пешниҳод намоянд. Лоиҳаи тартибдодаи намояндагони ҳарду ҳизб аз 15 номгуи барномаи ҳукуматии муштарак иборат аст. Мубориза алайҳи амалҳои ришвахорӣ, ҷорӣ намудани ислоҳот дар соҳаи савдо ва меҳнат, андешидани чораҳо оид ба тоза нигоҳ доштани муҳити зист ва ғайра яке аз ин барномаҳо мебошанд. То ҳол на Салвини ва на Ди Майо тасмими соҳиб гардидани курсии сарвазириро надоранд. Чанде қабл дар расонаҳои маҳаллӣ хабаре интишор гардид, ки гуё Маттео Салвини рӯйхати номзадонеро, ки талоши соҳиб шудани мақоми сарвазирро дорад ба президент пешниҳод менамояд. Вале худи ӯ ин ҳама овозаҳоро беасос хонд.