20:20, 11 Декабри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Германия ният дорад, ки дар татбиқи лоиҳаи НБО «Себзор» иштирок намояд

Германия ният дорад, ки дар татбиқи лоиҳаи НБО «Себзор» иштирок карда,

ҳамзамон самтҳои асосии тандурустӣ, бахшҳои молия, энергетика, таълимоти касбӣ ва рушди инноватсиониро дастгирӣ намояд. Ин тасмим яке аз натиҷаҳои муваффақи Машварат оид ба масъалаҳои ҳамкории молиявӣ ва техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Германия дар самти энергетика ба ҳисоб меравад, ки имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар баргузор гардид. Машварати байниҳукуматӣ бо ширкати намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеролии Германия оид ба масъалаҳои ҳамкории молиявӣ ва техникӣ, ҳамчунин бо мақсади рушди муносибатҳо байни ду кишвар, баррасии муштараки ҳамкории ҷорӣ ва омодакунии гуфтушунидҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ барои солҳои 2018-2019, ки баргузории он соли 2018 пешбинӣ мегардад, доир гардид. Ҳайати Германияро Катрин Оллерс, сардори шуъбаи «Осиёи Марказӣ, Осиёи Шарқӣ, Лаос ва Камбодҷаи Вазорати федеролии ҳамкориии иқтисодӣ ва рушд (BMZ) ва ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода роҳбарӣ намуданд. Ҳайатҳои ҳарду кишвар масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориро муҳокима намуда, изҳор доштанд, ки самти асосии ҳамкории онҳо дар оянда соҳаи «Рушди устувори иқтисодиёт» хоҳад буд. Дар ҷараёни машварат масъалаҳои вобаста ба лоиҳаҳои татбиқшаванда, ки аз ҷониби Ҳукумати Германия маблағузорӣ мешаванд, аз ҷумла, таъмир ва таҷдиди дармонгоҳҳои бемориҳои сил ва сохтмони дармонгоҳи кӯдаконаи бемории сил дар Мачитон, беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ ба занони ҳомила ва кӯдакони навзод, беҳтар намудани ёрии таъҷилии тиббӣ, сохтмони мактабҳои нав дар вилояти Хатлон ва ноҳияи Рашт, ҳамчунин барқарор намудани инфрасохтори коммуналӣ баррасӣ гардиданд. Аз рӯи натиҷаҳои машварат санади дахлдор ба имзо расонида шуд.