12:11, 31 Марти 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Март 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Ҳайати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия ба Душанбе омад

Ҳайати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия

таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилии ин кишвар, генерали политсия Колоколтсев Владимир Александрович ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, меҳмонони олиқадрро дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд. Ба гуфтаи манбаъ, сафари ҳайати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар доираи сафари кории Президенти ин кишвар Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.