15:06, 15 Августи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Сомали: президенти тозаинтихоб савганд ёд кард

Собиқ сарвазири Сомали - Муҳаммад Абдуллоҳ Муҳаммад

президенти нави мамлакат эълон гардид. Номбурда барои иҷрои ин вазифа аллакай савганд ёд кард. То кунун Сомалиро Ҳасан Шайх Маҳмуд роҳбарӣ мекард. Зимни овоздиҳӣ дар парлумон ӯро миқдори ками вакилон ҷонибдорӣ намуданд. Президенти нави мамлакат пас аз интишори натиҷаҳои даври дуюми интихобот ғолиб эълон гардид. Даври якум ва дуюми интихобот 8-уми феврал баргузор гардид, ки ба ҳеҷ яке аз номзадҳо муяссар наомад, то аз ҷониби 219 вакили парлумон дастгирӣ ёбад. Дар Сомали президентро вакилони парлумони дупалатагӣ интихоб мекунанд. Ба ҷонибдории номзадҳо 14 ҳазор намояндаи қавму қабилаҳои гуногун овоз медиҳанд.