15:46, 15 Августи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хориҷшавии Британияи Кабир аз Иттиҳоди Аврупо мушаххас мешавад

Палатаи умумии парлумони Британияи Кабир ба ҷонибдории лоиҳаи қонун

оид ба оғози гуфтушунид дар хусуси хориҷ шудани кишвар аз Иттиҳоди Аврупо овоз дод. Лоиҳа ба сарвазир - Тереза Мэй иҷозат медиҳад, ки раванди хориҷшавиро оғоз намояд. Ба ҷонибдории ин лоиҳа 494 вакил овоз дода, 122 тани дигар зид баромаданд. Ҳамакнун лоиҳаи қонунро палатаи лордҳо баррасӣ мекунад. Қаблан Тереза Мэй хост, ки мустақилона раванди хориҷшавиро оғоз кунад. Вале Додгоҳи олӣ номбурдаро уҳдадор намуд, то пас аз ҷонибдории вакилон ба ин тадбир оғоз намоянд. Сарвазир умед бар он дорад, ки ҳар ду палатаи парлумон ин ташаббусро то охирҳои моҳи март пуштибонӣ мекунад ва ӯ музокиротро дар ин самт бо Брюссел ба роҳ мемонад. Моҳи июни соли гузашта дар Давлати Шоҳигарӣ бо мақсади хориҷ шудани мамлакат аз гардиши евро раъйпурсӣ сурат гирифта буд. Қисми зиёди сокинон ҷонибдории худро барои берун шудани кишвар аз Иттиҳоди Аврупо баён доштанд.