10:43, 27 Октябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Дар Кито марҳилаи нави гуфтушунид миёни ҳукуматдорон ва Артиши озодибахши Колумбия оғоз гардид

Дар пойтахти Эквадор - шаҳри Кито марҳилаи нави гуфтушунид

миёни ҳукуматдорон ва Артиши озодибахши Колумбия оғоз гардид. Музокирот бо миёнаравии намояндагони кишвари кафил ва Вазири корҳои хориҷа Гйиома Лонг, ҳамчунин вазорати мудофиаи Эквадор ҷараён хоҳад ёфт. Ҷонибҳо барои баргузор намудани музокирот миёнаҳои моҳи сипаришуда ба мувофиқа расида буданд. Артиши озодибахши Колумбия, ки аз соли 1964 бо неруҳои ҳукуматӣ дар набард аст, шарти асосии гуфтушунид яъне ваъдаи додаашро барои озоднамоии Одина Санчес иҷро кард. Номбурда аз моҳи апрели соли 2016 дар асорати ин гурӯҳ қарор дошт. Дар баробари Санчес ҳамчунин сарбоз Фреди Морено низ, ки аз департаменти Араука рабудаву чанд муддат дар асорати мухолифин қарор дошт, ба озодӣ раҳо карда шуд. Коршиносон чанд рӯз идома ёфтани гуфтушунидро пешгӯйӣ намекунанд. Таҷрибаҳо гувоҳи онанд, ки музокирот метавонад солҳо идома ёбад. Зеро ҳукумати Колумбия бо Қувваҳои ҳарбӣ Инқилобӣ барои таъмини амнияти сокинон солҳо ба мувофиқа омада наметавонистанд. Бо вуҷуди ин музокироти ҷонибҳо, ки ҳанӯз соли 2012 оғоз гардида буд, охирҳои соли 2016 бомуваффақият анҷомид ва қарордоди сулҳ ба имзо расид. Артиши озодибахши Колумбия пас аз Қувваҳои ҳарбии Инқилобӣ дуюмин гурӯҳи мухолиф ба ҳисоб меравад. Ин гурӯҳи ҷиноятпешша ва Артиши озодибахши Колумбия аз ҷониби ИМА ва Иттиҳоди Аврупо ба рӯйхати созмонҳои террористӣ шомил карда шудаанд. Ҳайати гурӯҳи Артиши Озодибахши Колумбия аз 3 ҳазор нафар иборат мебошад.