15:55, 15 Августи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Франсуа Фийонро дар пардохти маош ба зану фарзандонаш муттаҳам карданд

Рӯзномаи «Ле канар Аншене»-и Франсия бо айбномаи навбатӣ

нисбат ба номзад ба мақоми президентӣ аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон - Франсуа Фийон баромад кард. Ба навиштаи ин рӯзнома завҷаи сиёсатмадор замоне, ки дар дафтари кории шавҳараш дар парлумон кор кардааст, дар маҷмӯъ зиёда аз 900 ҳазор евроро соҳиб шудааст. Ҳарчанд ӯ кореро дуруст анҷом надодааст. Аммо худи Франсуа Фийон изҳор медорад, ки завҷаи ӯ Пенелопа замони фаъолияти кориаш пайваста баромадҳои ӯро навишта, кор бо номаҳо ва интихобкунандагонро ҳам ба роҳ мондааст. Ба иттилои рӯзномаи мазкур дар баробари завҷаи Фийон ҳамчунин фарзандони ӯ барои кори анҷом надодаашон маош гирифтаанд. Ба навиштаи рӯзнома Мари ва Шарл, ки он замон ҳамагӣ 20 сол доштанд, наздики 84 ҳазор евроро соҳиб гардидаанд. Онҳо чун ёрдамчӣ дар дафтари кории парлумон сабти ном шуда будаанд. Муфаттишон дар бинои Ассамблеяи миллии Франсия ё худ парлумон тафтишот гузарониданд, ки он ба фаъолияти оилаи Франсуа Фийон марбут аст.