23:14, 11 Августи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Содиқ ал-Маҳди ба ватан баргашт

Роҳбари гурӯҳи мухолифин ва собиқ сарвазири Судон Содиқ ал-Маҳди, ки

2 сол қабл ба хориҷи кишвар фирор намуда буд, ба ватан баргашт. Расонаҳои хабарӣ дар ин бора бо такя ба маълумоти намояндагони ҳизби Маҳди гузориш доданд. Ӯ айни ҳол дар шаҳри Хартум қарор дорад. Соли 1989 ал-Маҳди пас аз табаддулоти давлатӣ ва ба сари қудрат омадани Умар ал-Башир аз мақом барканор карда шуд. Соли 2010-ум бошад, ал-Башир ба мақоми роҳбарикунадаи олӣ дубора интихоб гардид. Ин дар ҳолест, ки соли 2009-ум додгоҳи олии байналмилалӣ нисбат ба Ал-Башир бо ҷурми даст доштан дар барангехтани нооромиҳо дар минатқаи Дарфур парванда боз намуда, дар хусуси дастгирнамоии ӯ иҷозат дод. Дар натиҷа кишварҳои Ғарб аз ҳама гуна муносибат бо Судон худдорӣ намуданд.