20:28, 19 Майи 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Май 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Доналд Трамп дар ҳайати ҳукумати кишвар тағйирот ба амал овард

Доналд Трамп – президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

дар ҳайати ҳукумати кишвар тағйирот ба амал овард. Кумитаи Сенати Амрико - номзадии Рекс Уэйн Тиллерсонро ба ҳайси котиби давлатӣ тасдиқ кардааст. Дар ин мақом то ҳол Ҷон Керри фаъолият мекард. Тиллерсон қаблан роҳбари ширкати бузурги нафтии «Эксон Мобайл Рекса Тиллерсон» буд. Дар ҷараёни овоздиҳӣ 11 сенатори Ҷумҳурихоҳон ба тарафдории Тиллерсон ва 10 намоядаи ҳизби Демократҳо зид овоз доданд. Акнун барои ишғоли вазифаи котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Рекс Тиллерсонро лозим меояд, то аз ҳамаи палатаҳои Конгресс на камтар аз 51 овозро соҳиб шавад. Ҳамзамон аз рӯйи натиҷаҳои овоздиҳӣ дар Сенати Амрико ба мансаби директори Раёсати маркази кашшофӣ - Майк Помпео таъйин гардид. 67 намоянда ӯро тарафдорӣ карда, 30 узви палатаҳо зид овоз додаанд. Қариб ҳамаи сенаторҳое, ки хилофи таъйин шудани Помпео баромад кардаанд, намояндагони ҳизби Демократҳо гуфта мешаванд. 12-уми январ собиқ конгрессмен – Майк Помпео изҳор дошта буд, ки бар зидди кӯшиши барқарор кардани раванди методҳои зишти бозпурсиҳои гумонбарони амалҳои террористӣ баромад хоҳад кард. Майк Помпеои 52-сола бо вуҷуди он, ки дар ҷараёни маъракаҳои пешазинтихоботӣ рақиби Доналд Трамп - сенатори штати Флорида Марко Рибиоро ҷонибдорӣ мекард, пешниҳоди Трампро оид ба ишғоли ин мансаб пазируфт. Дар ҳамин ҳол вазири мудофиаи Амрико ва роҳбари Пентагон Эштон Картерро - Ҷеймс Мэттис иваз кард.