02:51, 15 Октябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Подшоҳи Арабистони Саудӣ: “Тоҷикистон шарики муҳими мо дар минтақа аст”

Дар ин бора Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Салмон

ибни Абдулазиз оли Сауд зимни пазироии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, ки бо сафари расмӣ дар ин мамлакат қарор дорад, изҳор намуд. Ходими ҳарамайни шарифайн Тоҷикистонро “шарики муҳими мамлакат дар минтақа” номида, ба масъулони девони подшоҳӣ, раиси Маҷлиси Шӯро ва роҳбароони вазорату идораҳои дахлдор дастур дод, ки барои суръат бахшидани масъалаҳои ҳалталаб ва рушду тавсиаи ҳамаҷонибаи робитаҳо бо Тоҷикистон ҳамаи корҳои заруриро анҷом диҳанд, аз ҷумла доир ба густариши робитҳои фарҳангӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва ҳавасманду сафарбар намудани доираҳои соҳибкории мамлакат. Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов аз шаҳри Риёз ба мо иттилоъ дод, зимни мулоқоти судманду самимӣ Шукурҷон Зуҳуров иброз намуд, ки Аълоҳазрат, Ходими Ҳарамайни шарифайн, ман аз пазироии самимонаи Шумо дар ватани ваҳю Ислом ва қиблаи мусулмонон, ки аслан ватани мо ҳам ҳаст, бениҳоят хушнудам. Аз ин фурсати саид истифода бурда, қабл аз ҳама салому паёми гарму бародаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Шумо тақдим менамоям. Сипоси бепоён аз Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, ки аз аввалин кишварҳо шуда, тавассути Маркази Подшоҳ Салмон оид ба кумаки башардӯстона ҷиҳати расонидани кумакҳои башардӯстона барои бартараф намудани зарари офатҳои табиӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдомҳои лозима анҷом дода истодааст. Ҳамзамон, аз Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барои таъмини шароити хуб барои ҳоҷиёни тоҷик, ки ҳамасола барои адои маносики ҳаҷу умра ба Арабистони Саудӣ меоянд, миннатдорӣ изҳор менамоям. Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин иброз намуд, ки дастгирии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳои сиёсию молиявии минтақа, аз қабили Созмони Ҳамкории Исломӣ, Бонки исломӣ оид ба рушд, ки дар онҳо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ нақши муҳим дорад ва ҳамчунин муассисаҳои худи Арабистони Саудӣ — Фонди Саудии рушд ва Маркази Подшоҳ Салмон оид ба кумакҳои башардӯстонаро мебояд ёдовар шуд. Боиси хурсандист, ки муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ рӯз то рӯз таҳкиму густариш меёбанд. Мо омодагии худро барои баланд бардоштани сатҳи муносибатҳо ва ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногун бо Арабистони Саудӣ бори дигар изҳор менамоем. Мехоҳам қайд намоям, ки ба муносибати 25 солагии барпо шудани муносибатҳои дипломатии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор намудани ҷаласаи дуввуми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ дар шаҳри Риёз, инчунин доир намудани рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва форуму вохӯриҳои соҳибкорону сармоягузорон ва тоҷирони ду кишвар ба нақша гирифта шудааст, ки дар таҳкими муносибатҳои миёни ду кишвар тобиши тоза хоҳанд бахшид.