15:30, 15 Августи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Баррасии музокироти сулҳ миёни Исроил ва Фаластин дар Париж

Дар шаҳри Парижи Франсия конфронси байналмилалӣ

оид ба муътадилгардонии авзои сиёсии Шарқи Наздик баргузор шуд. Дар ҳамоиш намояндагони 70 созмону кишварҳои олам иштирок намуданд. Мақсади ҷамъомад барқарор кардани музокироти сулҳона миёни Исроил ва Фаластин унвон мешавад. Президенти Франсия - Франсуа Олланд зимни суханронӣ аз Исроил ва Фаластин даъват ба амал овард, ки гуфтушуниди мустақимро ба роҳ монанд. Олланд ҳамчунин аз таъсиси ду давлати алоҳида пуштибонӣ кардааст. Яке аз мавзӯъҳои асосӣ ин мақоми Байт-ул-Муқаддас ба шумор меравад. Зеро яке аз ваъдаҳои пешазинтихобии президенти тозаинтихоби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико - Доналд Трамп ин кӯчонидани сафорати кишвараш аз Тел-Авив ба Байт-ул-Муқаддас маҳсуб меёбад. Ҳукуматдорони Фаластин изҳор медоранд, ки чунин амалкард раванди музокироти сулҳро сарбаста мегардонад.