03:33, 19 Октябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Куба иқдоми Амрикоро хуш пазируфт

Ҷониби Куба иқдоми ИМА-ро оид ба қатъи имтиёзу сабукиҳо

барои воридшавии сокинони Куба ба ин кишвар хуш пазируфта, онро саривақтӣ унвон намуд. Қаблан Қасри Сафед дар хусуси бекор намудани қонуни «Пойҳои тар», ки 20 сол мавриди амал қарор дошт, гузориш дода буд. Тибқи қонуни мазкур ҳар муҳоҷире, ки метавонад тариқи роҳҳои обӣ вориди Амрико гардад аз ҳукумати ин кишвар дархости паноҳандагӣ намояд. Дар сурате, ки муҳоҷирон ҳангоми кӯшиши фирор аз ҷониби полис мушоҳида мегардид, дубора ба Куба баргардонида мешуд. Бекорнамоии қонун маънои қатъи муносибатҳои ду кишвар дар масъалаи муҳоҷиронро надорад. Ҷониби Амрико изҳор дошт, ки дар як сол то 20 ҳазор муҳоҷир аз Кубаро ба таври қонунӣ дар кишвар ҷо хоҳад кард. Охирҳои соли 2014 ҷониби ИМА ва Куба дар хусуси беҳтар гардидани муносибатҳои дипломатиашон изҳор дошта буданд. Дар ин муддат президенти ИМА Барак Обама бо як сафари корӣ аз шаҳри Гаванаи Куба боздид намуда буд.