20:59, 07 Апрели 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Апрел 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Баррасии вазъи рушди соҳаи геология дар Маҷлиси намояндагон

Имрӯз таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Акрамшо Фелалиев ҷаласаи муҳокимаи ошкорои парламентӣ баргузор гардид, ки дар он масъулони як қатор вазорату идораҳои дахлдори мамлакат иштирок доштанд. Рӯзномаи ҷаласаи муҳокимаи парлумонӣ бо фарогирии танҳо як масъала — «Иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати маблағгузории «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 — 2020» ва ҳисоботи ташаббуси шафофият дар соҳаи истихроҷ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби вакилон тасдиқ гардид. Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Акрамшо Фелалиев зимни баромади хеш иброз намуд, ки чи тавре, ки огаҳӣ дорем, дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар ин саноаткунонии мамлакат мебошад, яъне аз кишвари аграрӣ — саноати ба кишвари индустриалӣ — аграрӣ табдил додани Тоҷикистон аст. Ҳамаи мо шоҳиди ҳол ҳастем, ки бо кушода ба истифода додани корхонаҳои саноатӣ, нерӯгоҳҳои обии барқӣ бо нақшаи стратегии Пешвои миллат зина ба зина амалӣ шуда истодааст ва он рӯз дур нест, ки Тоҷикистони азизи мо ба пуррагӣ ба мамлакати индустриалӣ — аграрӣ табдил меёбад. Аз ин рӯ ҷиҳати рушди соҳаҳои саноат дар заминаи истифодаи захираҳои маъдани маҳаллӣ оид ба корҳои ҷустуҷӯию иктишофии сарватҳои зеризаминӣ Барномаи давлатии рушди соҳаи геология барои солҳои 2012 — 2020 низ таҳия гардидааст. Зимнан дар ин самт Саридораи геология сиёсати давлатиро дар идоракунӣ ва танзими омӯзишӣ геологияи қаъри замин самаранок истифодабарӣ ва аз нав барқароркунии захираҳои ашёи минералиро татбиқ ва амалӣ намуда, фонди давлатии иттилоотии геологӣ оид ба қаъри замини Тоҷикистонро пеш мебарад. Маблағгузории фаъолияти Саридораи геология ва ташкилотҳои системаи Саридораи геология аз ҳисоби маблағҳои амалиёти Буҷети давлатӣ барои омузиши геологӣ ҷудо шуда, аз суратҳисоби ягонаи хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва манбаҳои корҳои шартномавӣ анҷом дода мешавад. Ҳаминро қайд бояд кард, ки бахши истихроҷи Тоҷикистон нерӯи азим дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди ҳамроҳшавӣ ба Ташаббусро моҳи июни соли 2011 оғоз намуда, моҳи августи ҳамон сол 21 ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷонибдории худро аз Ташаббуси шаффофияти соҳаҳои истихроҷ изҳор намуда, Иттифоқи ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандии «Шафофият барои рушдро» ташкил намуданд. Сипас, Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Садриддин Шарипов вобаста ба масъалаи муҳокимашаванда суханронӣ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки аз рӯи маълумотҳои дар даст дошта, айнӣ замон дар зери замини кишварамон беш аз 600 кон ва 800 зуҳуроти канданиҳои фоиданок кашф ва омӯхта шудаанд, ки ин бойгарии табиӣ қисман барои истифодаи саноатӣ омодаанд, ки ин конҳо аз қабили ангишт, сурб, руҳ, мис, висмут, сурма, симоб ва дигар металлҳои асил буда, зиёда аз 50 намудро ташкил медиҳанд. Мақсади асосоии Барномаи болозикр ин афзунгардонии заминаи ашёи минералӣ ҷиҳати мунтазам фаъолият намудани корхонаҳои амалкунанда, бунёдшаванда ва банақшагирифташуда буда, ба таъмини талаботи саноати кишвар ба захираҳои ашёи минерелӣ ва кам кардани вобастагии иқтисодиёти ҷумҳурӣ аз воридоти ашёи маъданӣ вобастагӣ дорад. Яке аз самтҳои Барномаи мазкур ин омӯзиши кон ва зуҳуроти тилло мебошад, ки метавонад ҷумҳуриро ба кишвари дорои захираҳои бои тилло дошта табдил диҳад, ки рушди ин даромадҳояке аз мақсадҳои асосии Барнома ба ҳисоб меравад. Анҷомдиҳии омӯзиши геологии зуҳуроти конҳо ва дар тавозуни давлат мондани захираҳои тилло, ки барои истиғроҷ омода шуда, ба иқтисодиёти ҷумҳури фоидаовар мебошад ва бо ин роҳ бойгардонии хазинаи тиллои асъори ҷумҳуриро ба маротиб метавон боло бурд. Қобил ба зикр аст, ки яке аз маъданҳои асосӣ барои истеҳсоли гилхок, ки барои ширкати Талко лозим мебошад ин боксит мебошад, ки захираи он дар ҷаҳон кам шуда истодааст. Аз ин бармеояд, ки нархи маҳсулот минбаъд ба тадриҷ баланд мешавад. Бояд қайд кард, ки бокситҳои баландсифат дар давлатҳои Австралия, Гвинея, Бразилия (71,2% истихроҷи бокситҳо дар ҷаҳон) ва Ямайка, Суринам, Гайана (15,5% истеҳсол карда мешаванд, ки дастрас карданаш барои Тоҷикистон душвориҳо дорад. Аз ин рӯ, имрӯз тақозои замон аст, ки дар Тоҷикистон маъдани хокаи алюминийдор омӯзиш, кашф ва мавриди истифода қарор дода шавад. Бо мақсади иҷрои ин самт корҳои ҷустуҷуи ашёи алюминийдор дар Помири Ғарбӣ (ноҳияи Дарвоз) дар се минтақаи алоҳида (Бодомдара, Зонг ва Курговат) гузаронида шуданд. Аз ин минтақаҳо минтақаи Курговат ояндадор ҳисобида шуда, қабатҳои варақсангҳои кварс-мусковитдор байни дарёҳои Удуга ва Пошхарв ҷойгир шудаанд. Файзнокии мусковит 50 — 60%, кварс 20 — 25%, ставролит 20 — 25% — ро ташкил медиҳад. Захираҳои пешгуфтаи окиси алюминий бо категорияи P1 — 1 558 639 335 тонн ҳисоби шудааст. Солҳои 2012 — 2013 тадқиқоти озмоишӣ бо мақсади ҳосилкардани алюминий аз маъданҳои кони Курговат, дар озмоишгоҳӣ марказии Саридора гузаронида шуд, ки дар натиҷа аз ин маъданҳо окиси алюминий ба даст оварда шуда схемаи ҷудокунии алюминий коркард шуд. Ҳамчунин аз рӯи масъалаи мазкур дар назди ҳозирин ахбороти Сардори саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муроди Хол, муовини якуми Саридораи геология оид ба канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон Бахдавлатов Раҳмонбег, муовини Вазири молия Ҷонмаҳмадова Меҳринамо ва намояндаи ташаббуси шафофият дар соҳаи истихроҷ Авғонов Темур шунида шуд. Сипас, байни вакилони Маҷлиси намояндагон ва намояндагони баландпояи дигар вазорату кумитаҳои дахлдори кишвар саволу посухҳо сурат гирифт. Вакилони Маҷлиси намояндагон аз рӯи масъалаи муҳокимашуда бо дарназардошти таклифу пешниҳод ва эродҳое, ки дар маърӯзаву баромадҳо зикр гардиданд, қарор ва тавсияҳои парлумонӣ қабул намуданд.