01:01, 13 Декабри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Суханронӣ дар мулоқот бо кормандони мақомоти прокуратура

13.03.2018 11:55, шаҳри Душанбе Ҳозирини арҷманд! Мулоқоти имрӯзаи мо дар арафаи ҷашни

касбии кормандони мақомоти прокуратура баргузор мегардад. Бинобар ин, ҳамаи кормандони мақомотро ба ин муносибат табрик гуфта, ба онҳо, аз ҷумла ба ҳар яки шумо, ҳозирини муҳтарам, саломативу барори кор орзу менамоям. Эъмори ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд, ки кишвари мо дар ин самт бо қадамҳои устувор пеш рафта истодааст, қабл аз ҳама, ташаккули шохаҳои мустақили ҳокимият ва ниҳодҳои давлатии мутобиқ ба принсипҳои демократии давлатдориро тақозо менамояд. Имрӯз бо қаноатмандӣ метавонем изҳор намоем, ки мо дар даврони истиқлолият тавассути ислоҳоти амиқи сиёсиву ҳуқуқӣ заминаҳои мустаҳками давлатдории муосири миллиамонро фароҳам овардем. Мақомоти прокуратура яке аз ниҳодҳои муҳимми давлатдорӣ мебошанд, ки фаъолияти онҳо ба ҳифзи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, ошкору пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ равона гардидааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ, дигар мақомоти давлатӣ, иттиҳодияву созмонҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ ҳамчун салоҳияти истисноии прокуратура муқаррар кардааст. Ягон мақом ё шахси мансабдори дигар чунин салоҳиятҳои васеъро надорад. Аз ин рӯ, таъмини қонунияту адолат, амният, сулҳу субот ва ризоият дар ҷомеа аз фаъолияти самараноки мақомоти прокуратура вобаста мебошад. Роҳбарияти мамлакат фаъолияти мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ, дар маҷмӯъ, мусбат арзёбӣ менамояд. Ҳанӯз аз оғози даврони истиқлолият кормандони прокуратура бо хизмати содиқонаи худ намунаи олии хизмат ба Ватанро нишон дода, дар шароити муқовимати шадиди мусаллаҳона дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вазифаи муқаддаси хешро дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ сарбаландона иҷро намуда, дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ки волоияти қонун асоси онро ташкил медиҳад, саҳми арзанда гузоштанд. Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти нақши муҳимми мақомоти прокуратура дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеа барои таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, моддиву техникӣ ва кадрии он тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст. Дар даврони истиқлолият ҷиҳати таъмин намудани кори самараноки прокуратура ваколату салоҳияти назоративу мурофиавӣ, вазифаҳо ва самтҳои асосии фаъолияти онҳо муайян карда шуданд. Сохтори мақомоти прокуратура вобаста ба талаботи замон мунтазам такмил ёфта, моҳи августи соли 2015 дар ҳайати Прокуратураи генералӣ як қатор раёсату шуъбаҳо ва сохторҳои нав, инчунин, Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандон таъсис дода шуд. Қаблан дар бисёр шаҳру ноҳияҳо кормандони прокуратура дар биноҳое фаъолият мекарданд, ки дар онҳо шароити муътадили корӣ вуҷуд надошт. Маҳз ба шарофати истиқлолият ин сохтор бо биноҳои маъмурӣ пурра таъмин гардида, ба Прокуратураи генералӣ бинои алоҳидаи маъмурӣ ҷудо карда шуд. Дар маҷмӯъ, 22 бинои нав бунёд ва биноҳои мақомоти прокуратура дар аксар шаҳру навоҳии мамлакат таъмиру азнавсозӣ гардиданд, инчунин, барои беҳтар намудани шароити манзили кормандон ва маблағгузории прокуратура аз ҳисоби буҷети давлатӣ як силсила иқдомоти ҷиддӣ амалӣ карда шуданд. Музди меҳнати кормандони мақомот низ мунтазам баланд бардошта шуда, танҳо дар даҳ соли охир панҷ баробар зиёд гардидааст. Ҳозирини гиромӣ! Тавре ки зикр намудам, назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо самти асосии фаъолияти мақомоти прокуратура мебошад. То имрӯз дар ин ҷода, албатта, хеле корҳо ба анҷом расонида шудаанд. Аз ҷумла, танҳо дар давоми даҳ соли охир аз рӯи натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда зиёда аз 243 ҳазор санади эътиноии прокурорӣ татбиқ гардида, барои роҳ додан ба қонуншиканиҳо 234 ҳазор нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ ва моддӣ кашида шуда, 19 440 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст, ки қариб сеюним ҳазори онро ҷиноятҳои коррупсионӣ ва ҷиноятҳои иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ташкил медиҳанд. Бо эътирози прокурорҳо дар солҳои истиқлолият 129 ҳазор санади ғайриқонунӣ бекор карда, тайи даҳ соли охир ба маблағи зиёда аз се миллиард сомонӣ зарари моддӣ барқарор карда шудааст. Бо вуҷуди корҳои анҷомдодаи кормандони мақомоти прокуратура дар самти таъмини риояи якхелаи қонунҳо, ҳанӯз имкониятҳо барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолият мавҷуданд. Аз ин рӯ, ҳарчанд ки пагоҳ ҷашни касбии кормандони мақомоти прокуратура аст, ман баъзе масъалаҳоро зикр менамоям ва ҳамаи кормандони мақомотро вазифадор месозам, ки онҳоро ҳамаҷониба таҳлил карда, барои рафъи камбудиҳо чораҳои қатъӣ андешанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тайи даҳ соли охир шумораи ҷиноятҳо дар кишвар, дар маҷмӯъ, қариб ду баробар, аз ҷумла ҷиноятҳои вазнин зиёда аз ду баробар, тасарруфи молу мулк ва қаллобӣ қариб ду баробар, авбошӣ ва вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ якуним баробар афзудааст. Шумораи ҷиноятҳои бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир алоқаманд низ тамоюли зиёдшавӣ дорад. Чунин вазъ мақомоти прокуратураро водор месозад, ки корро доир ба пешгирӣ кардани ҷинояткорӣ дар самтҳои зикршуда ба таври ҷиддӣ тақвият бахшанд. Тибқи таҳлилҳо содиршавии ҷинояти худсарона ишғол намудани қитъаҳои замин ва сохтмони худсарона торафт афзуда, дар даҳ соли охир қариб понздаҳ баробар зиёд шудааст. Агар соли 2008 дар кишвар 67 ҷиноят ба қайд гирифта шуда бошад, соли 2017-ум қариб ҳазор ҷиноят содир шудааст. Бо вуҷуди он, ки мо солҳои охир диққати ҳам мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳам мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро доим ба ин масъала ҷалб мекунем, вале дар ин самт камбудиҳо то ҳол хеле зиёданд. Ҳарчанд бо дахолати прокуратура дар даҳ соли охир қариб 23 ҳазор гектар замини худсарона ишғолкардашуда ба ҳолати аввала баргардонида, зиёда аз 5600 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, лекин то ба ҳол ин проблемаи ҷиддӣ ҳал нагардидааст. Дар давоми беш аз 26 соли истиқлолият бо қарорҳои Ҳукумати мамлакат зиёда аз 130 ҳазор гектар замин ба як миллиону 400 ҳазор оила барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ тақсим карда дода шудааст. Яъне беш аз 7 миллион нафар сокинони кишвар соҳиби қитъаи замин шудаанд. Лекин дар натиҷаи фориғболии баъзе сохтору мақомот ва дурусту одилона ба роҳ намондани тақсимоти замин ҷиноятҳои зикршуда рух додаанд. Бори дигар хотирнишон месозам, ки ба ғайриқонунӣ ҷудо намудани қитъаҳои замин баъзе роҳбарон ва шахсони масъули сохторҳои дахлдори шаҳру ноҳияҳо низ даст мезананд. Танҳо дар даҳ соли охир аз ҷониби прокурорҳо аз болои қариб шаш ҳазор қарори ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо эътироз оварда шудааст, ки зиёда аз чор ҳазори он ё 74 фоиз вобаста ба вайрон намудани талаботи қонунгузории соҳаи замин мебошад. Қабули санади эътинои прокурорӣ қобили дастгирист, вале таъкид менамоям, ки дар бисёр мавридҳо аз болои қарорҳои ғайриқонунии мақомот вақте эътирози прокурорӣ оварда мешавад ё парвандаи ҷиноятӣ оғоз мегардад, ки одамон дар қитъаҳои ҷудошуда, аллакай, иншооту биноҳои гуногун, аз ҷумла манзили истиқоматӣ бунёд намудаанд. Хона, албатта дар як рӯз ё дар як моҳ сохта намешавад, аммо ҳам мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, ҳам сохторҳои назоратӣ - прокуратура, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, нозирони минтақавии Вазорати корҳои дохилӣ ин масъаларо нодида мегиранд. Бо қарори Ҳукумати мамлакат аз 31 январи соли 2006 дар заминҳои барои дурнамои рушди шаҳри Душанбе пешбинигардида сохтмони асосӣ ва шинонидани ниҳолҳои бисёрсола манъ шудааст, вале талаботи он бештар аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Варзоб ва Рӯдакӣ риоя намегардад. Дар натиҷаи суст будани назорати прокурорӣ дар 8 ҳазор гектари ин заминҳо, аллакай, манзилҳои истиқоматӣ, иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасониву маишӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва биноҳои дигар бунёд карда шудаанд. Дар ноҳияи Рӯдакӣ якчанд гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ошкор карда шудаанд, ки ба хариду фурӯши замин, махсусан, заминҳои таъиноти кишоварзӣ машғул буданд. Чунин қонуншиканиҳо дар аксари вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо мушоҳида мешаванд. Ман борҳо гуфта будам ва ҳоло бори дигар таъкид менамоям, ки агар прокурорҳо дар фаъолияти худ ба бемасъулиятӣ роҳ намедоданд ва иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба замин дар маҳалҳо дуруст назорат мекарданд, ин ҳолат рух намедод. Бинобар ин, ба Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатӣ ҷиҳати пешгирӣ кардани ишғоли худсаронаи қитъаҳои замин, ҳифзи заминҳои корам, сари вақт ошкор ва пешгирӣ намудани ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо, алалхусус, ҷиноятҳои коррупсионӣ дар ин самт тадбирҳои қатъӣ андешанд. Хусусан, зарур аст, ки масъулияти кормандони прокуратураи шаҳру ноҳияҳое, ки дар онҳо ҳолатҳои вайрон намудани қонунгузории замин зиёданд, ҷиддан баланд бардошта шавад. Ҳамчунин, мувофиқи мақсад аст, ки дар Прокуратураи генералӣ сохтори алоҳида доир ба назорати риояи қонунгузории замин ва дар мақомоти поёнии прокуратура воҳиди алоҳидаи ёрдамчии прокурор оид ба масъалаи мазкур таъсис дода шавад. Вазъи риояи Кодекси шаҳрсозӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ низ нигаронкунанда буда, ҳангоми ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтмони биноҳои истиқоматӣ на ҳама вақт нақшаи генералии шаҳру ноҳияҳо ва меъёрҳои пешбинишуда барои бунёди мактабу муассисаҳои томактабӣ, бунгоҳу марказҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ, ҷойҳои истироҳати калонсолон, зеристгоҳҳои барқӣ ва таваққуфгоҳи воситаҳои нақлиёт риоя мегарданд. Аз ин рӯ, ба мақомоти прокуратура зарур аст, ки чунин қонунвайронкуниҳоро сари вақт ошкор карда, ҷиҳати бартараф намудани онҳо чораҷӯӣ намоянд. Дар Паёми худ ман масъалаи бо маҳсулоти хушсифат таъмин намудани аҳолӣ ва пешгирӣ кардани воридоти маҳсулоти пастсифат, бахусус, маводи хӯрокворӣ ва дорувориеро, ки ба талаботи бехатарӣ мутобиқ нест, махсус зикр намудам. Баъди муҳокимаи масъалаи зикршуда дар ҷаласаи Ҳукумати мамлакат тамоми мақомоти назоратӣ, аз ҷумла прокуратура миқдори зиёди маводи хӯроквории пастсифат ва хатарнокро ошкор намуданд. Вале саволе ба миён меояд, ки барои чӣ сохторҳои назорати санитариву фитосанитарӣ, байторӣ, стандартизатсия ва ҳатто прокурорҳо ин ҳолатро то аз тарафи Роҳбари давлат ба миён гузоштани масъала ошкор накарданд? Магар назорати фаъолияти мақомоти зикршуда ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон” ва дигар қонунҳои дахлдор вазифаи прокурорҳо нест? Вобаста ба ин масъала, ба Прокуратураи генералӣ ва дигар мақомоти назоратӣ зарур аст, ки вазифаҳои хизматии худро бо масъулияти баланд иҷро кунанд ва корро дар самти зикршуда ба таври қатъӣ вусъат бахшанд. Таъкид месозам, ки ин кор набояд хусусияти стихиявӣ, мавсимӣ ё муваққатӣ дошта бошад ва назорат дар ин самт бояд мунтазам амалӣ карда шавад. Вақтҳои охир баъзе бонкҳо ва муассисаҳои молиявӣ дар натиҷаи саҳлангорӣ ва ҳатто ноуҳдабароӣ имконияти пардохти қарзҳо ва баргардонидани пасандозҳои аҳолиро қариб аз даст додаанд. Ин ҳолат низ гувоҳӣ медиҳад, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор ва прокурорҳо назоратро дар ин масъала суст ба роҳ мондаанд. Бо вуҷуди он, ки дар давоми соли сипаришуда аз тарафи гурӯҳҳои кории таъсисдодаи Прокуратураи генералӣ оид ба тасарруфи маблағҳои бонкӣ ва дигар ҷиноятҳои ба он алоқаманд 83 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, қариб як миллиарду 360 миллион сомонӣ барқарор ва ба судҳои иқтисодӣ ба маблағи 140 миллион сомонӣ даъво пешниҳод карда шудааст, вале фаъолияти муътадили баъзе бонкҳо ҳанӯз ҳам таъмин нагардидааст. Аз ин лиҳоз, Прокуратураи генералӣ вазифадор аст, ки дар ҳамкорӣ бо дигар сохтору мақомоти давлатӣ дар доираи ваколатҳои худ ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта мусоидат намояд. Ҳозирини гиромӣ! Рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ аз иҷрои пурраи буҷети давлатӣ вобастагӣ дорад. Вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар масъалаи хариди давлатии мол ва иҷрои корҳои сохтмон аз ҳисоби буҷет, истифодаи грантҳои давлатӣ ва хориҷӣ, пардохти музди меҳнат, ҷамъоварии андоз ва пардохтҳои гумрукӣ ҳолатҳои зиёди сӯйиистеъмол аз вазифа ва дигар қонунвайронкуниҳои мансабӣ ҷой дошта, чунин вазъ ба рушди бомароми соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ монеа эҷод менамояд. Мусоидат намудан ба иҷрои нақшаи ҷамъоварии андоз ва пардохтҳои гумрукӣ, пешгирӣ кардани пинҳонкунии андоз, қочоқи молу маҳсулот, таъмин намудани истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, пешгирии қонунвайронкунӣ ва ҷиноятҳо дар соҳаҳои молия, андоз ва гумрук аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки назорати доимии прокурориро тақозо менамоянд. Мақомоти прокуратура дар давоми даҳ соли охир вобаста ба тасарруфи маблағҳои буҷетӣ 1285 парванда, доир ба ҷиноятҳо дар соҳаи андоз қариб 700 ва гумрук беш аз 200 парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, зарари расонидашударо ба маблағи зиёда аз якуним миллиард сомонӣ ба буҷет барқарор кардаанд. Вобаста ба ин мавзӯъ, мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба як масъалаи дигар ҷалб намоям. Рушди давлат аз фаъолияти бонизоми соҳибкорӣ вобастагӣ дорад. Мусоидат ба рушди соҳибкорӣ ва ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои назоратӣ (пеш аз ҳама прокурорҳо) мебошад. Вале таҳлилҳои гузаронидаи худи шумо собит месозанд, ки дахолати беасос ва ғайриқонунӣ ба фаъолияти соҳибкорон хеле зиёд аст. Масалан, мувофиқи талаботи Кодекси андоз мақомоти андоз санҷишҳои маҷмӯии андозро тибқи муроҷиати хаттии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ танҳо нисбат ба ҳамон андозсупорандагоне мегузаронанд, ки санади расмӣ дар бораи оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ бо нишонаҳои ҷиноятҳои бо андозбандӣ алоқаманд ворид шуда бошад. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳимояи ҳуқуқи андозсупорандагон таҳти назари доимии прокурорҳо қарор дода, ба дахолати ғайриқонунӣ, алалхусус, ба санҷишҳои беасоси фаъолияти соҳибкорон хотима бахшида шавад. Бахусус, дар давраи амали мораторий ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории истеҳсолӣ риояи қонунгузории мамлакат дар ин самт бояд пурра таъмин карда шавад. Пешгирӣ кардани амалҳои коррупсионӣ дар низоми хизмати давлатӣ шарти муҳимми фаъолияти муътадили ҳамаи сохтору мақомот ва риоя гардидани ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ба ҳисоб меравад. Дар давоми солҳои 2007-2016 аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 13 ҳазор ҷинояти коррупсионӣ ва ҷиноятҳои иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ошкор ва ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 1500, Вазорати маориф ва илм зиёда аз 800, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 500, Вазорати корҳои дохилӣ қариб 600, Вазорати энергетика ва захираҳои об 340, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ 242 ва Кумитаи андоз беш аз 200 ҷиноят рост меояд. Аз соли 2010 инҷониб, дар маҷмӯъ, нисбат ба 2300 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои ҳарбӣ ва судҳо, аз ҷумла мақомоти корҳои дохилӣ - 696, мудофиа - 539, амнияти миллӣ - 545, гумрук - 109, андоз - 124, адлия - 81, Гвардияи миллӣ - 78, Шӯрои адлия ва Суди Олӣ - 53, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ - 30, Агентии назорати маводи нашъаовар - 23 ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 19 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Ҳолатҳои мазкур аз мақомоти прокуратура, ки ҳам мақоми назораткунандаи иҷрои қонунҳо ва ҳам субъекти мубориза бо коррупсия мебошанд, пурзӯр кардани фаъолиятро дар самти ошкор намудани амалҳои коррупсионӣ тақозо мекунанд. Лекин боиси таассуф аст, ки баъзе кормандони мақомоти прокуратура худашон ба кирдорҳои дорои хусусияти коррупсионӣ ва дигар амалҳои номатлуб даст мезананд ва ба номи давлат ва Ҳукумат иснод меоранд. Тайи даҳ соли охир 46 нафар кормандони мақомоти прокуратура барои содир намудани амалҳои бадномкунанда, аз ҷумла 28 нафар барои содир намудани ҷиноят аз сафҳои мақомот хориҷ карда, 24 нафари онҳо барои содир намудани кирдорҳои хусусияти коррупсионидошта ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ва нисбат ба 64 нафар чораҳои ҷавобгарии интизомӣ татбиқ гардидаанд. Фаромӯш набояд кард, ки кормандони прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҷассумгари сиёсат ва симои давлат мебошанд. Мардум аз рӯи рафтору кирдор, маҳорат ва сатҳи касбият, донишу маърифат, поквиҷдонӣ, маданияти муошират ва муносибати шумо ба уҳдадориҳои мансабӣ, инчунин, садоқат ба давлату миллат ба сифат ва самаранокии хизмати давлатӣ баҳо медиҳанд. Яъне шумо бояд чун ойина пок бошед ва вазифаҳои ба зиммаатон гузошташударо поквиҷдонона иҷро намоед. Аз ин лиҳоз, ба роҳбарони мақомоти прокуратура супориш дода мешавад, ки ба масъалаи аз шахсони тасодуфӣ тоза кардани сафҳои худ диққати ҷиддӣ диҳанд. Дар хотир бояд дошт, ки ашхоси тасодуфӣ ҳуқуқи маънавии дар мақомоти прокуратура кор карданро надоранд. Таъмин намудани риояи қонунгузорӣ дар бораи ноболиғон ва ҷавонон, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, назорати сифати таълиму тарбия ва пешгирӣ кардани ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғону ҷавонон аз ҷумлаи масъалаҳои мубрами рӯз буда, ба таваҷҷуҳи доимии ниҳодҳои дахлдори давлатӣ ва хусусан, прокуратура ниёз дорад. Мақомоти прокуратура дар даҳ соли охир бо сабаби риоя накардани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 26 300 нафарро ба ҷавобгарии интизомиву маъмурӣ кашида, нисбат ба се ҳазор нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудаанд. Бо вуҷуди ин, риояи қонуни зикршуда ҳанӯз ҳам ба меъёри рафтори волидон ва омӯзгорон табдил наёфта, аз ҷониби онҳо дар бисёр ҳолатҳо сарфи назар мегардад, ки ин боиси содир гардидани ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳо аз ҷониби ноболиғон мегардад. Ҳамчунин, ба Прокуратураи генералӣ ва Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ зарур аст, ки фаъолияти худро дар самти назорати риояи муқаррароти Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» боз ҳам пурзӯр намуда, ҷиҳати ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд. Таъкид месозам, ки худи кормандони прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин масъала низ бояд намунаи ибрат бошанд. Ҳозирини муҳтарам! Экстремизм ва терроризм аз ҷумлаи хатарҳои торафт вусъатёбандаи ҷаҳони муосир буда, мубориза бар зидди онҳо ҳамеша дар сархати вазифаҳои муҳимтарини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ қарор дорад. Дар робита ба ин, таъкид менамоям, ки нақши мақомоти прокуратура дар ташаккули заминаҳои ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ доир ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм бисёр муҳим мебошад. Бо пешниҳоди Прокуратураи генералӣ 17 созмону ҳаракат ва гурӯҳу равияҳо бо қарори суд экстремистиву террористӣ эътироф гардида, аввалин Стратегияи миллӣ оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм таҳия ва тасдиқ карда шуд. Дар назди Прокуратураи генералӣ ситод доир ба масъалаи пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ таъсис дода шуда, якҷо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шахсияти аксари шаҳрвандони ба созмонҳои террористӣ шомилшуда муайян гардидааст ва нисбат ба шахсони гунаҳгор чораҳои қонунӣ андешида шудаанд. Бо мақсади пешгирӣ кардани иштироки шаҳрвандони кишвар ва шахсони бешаҳрванд ба ҳайати воҳидҳои мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо ба Кодекси ҷиноятӣ моддаи алоҳида ворид гардида, дар эзоҳи он пешбинӣ карда шуд, ки шахсе, ки ихтиёран аз иштироки ғайриқонунӣ дар амалҳои зикршуда даст мекашад, агар дар кирдори ӯ аломатҳои таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад. Мақсади муқаррароти зикршуда аз он иборат аст, ки шаҳрвандони гумроҳшудаи кишвар аз иштирок дар амалиёти мусаллаҳона дар қаламрави давлатҳои хориҷӣ даст кашида, ба Ватани худ ва назди пайвандонашон баргарданд, фарзандони хешро ятим накунанд, ба заҳмати созанда машғул шаванд ва миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳон бадном насозанд. Бинобар ин, Прокуратураи генералӣ, Суди Олӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар мақомоти дахлдорро зарур аст, ки бо мақсади фаҳмондадиҳии мазмуну моҳияти муқаррароти зикршудаи Кодекси ҷиноятӣ тадбирҳои заруриро амалӣ созанд. Таъкид менамоям, ки ба анҷом расидани задухӯрдҳои мусаллаҳона дар ҳудуди Ироқ ва Сурия маънии пурра барҳам хӯрдани ташкилоти террористии ба ном “Давлати исломӣ” ва дигар созмонҳои террористиро надорад ва набояд боиси хотирҷамъиву ғафлати сохтору мақомоти дахлдор гардад. Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир низ яке аз мушкилоти ҷаҳони имрӯза ба шумор меравад. Дар бораи пайомадҳои хатарноки ин намуди ҷиноят, аз ҷумла барои генофонди миллат ман борҳо изҳори назар кардаам. Вале ҳар сол дар қаламрави кишвар ба миқдори зиёд маводи мухаддир ошкору мусодира ва шахсони гунаҳгор ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Ҳоло аз шумораи умумии маҳбусон қариб бист фоизро шахсоне ташкил медиҳанд, ки барои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир гунаҳгор дониста шуда, маҳкум гардидаанд. Тавре ки чанде пештар зикр карда будам, дар 23 соли охир мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат аз муомилоти ғайриқонунӣ зиёда аз 120 тонна маводи мухаддир, аз ҷумла беш аз 34 тонна героин мусодира намудаанд. Ин миқдор маводи мухаддир метавонист боиси ба бемории нашъамандӣ гирифтор шудани 53 миллион нафар гардад. Танҳо соли сипаришуда мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар муомилоти ғайриқонунии қариб чоруним тонна маводи мухадирро пешгирӣ кардаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2016 беш аз як тонна зиёд аст. Дар ин раванд фаъолияти 139 гурӯҳи нашъаҷаллоб, аз ҷумла 7 гурӯҳи муташаккили ҷинояткор қатъ карда шудааст. Ҳолатҳои дар хориҷи кишвар бо маводи мухаддир дастгир шудани шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҷой доранд, ки ин бешубҳа, ба обрӯи давлату миллати мо дар арсаи байналмилалӣ таъсири манфӣ мерасонад. Ҳолати зикршуда аз нокифоя будани назорат аз болои фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ оид ба пешгирӣ кардани қочоқи маводи нашъаовар аз гузаргоҳҳои сарҳадӣ гувоҳӣ медиҳад ва андешидани тадбирҳои қатъиро дар ин самт тақозо менамояд. Махсусан, Агентии назорати маводи нашъаоварро зарур аст, ки корро дар ин самт ҷиддан беҳтар намуда, ҳамкориҳоро бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, инчунин, бо мақомоти дахлдори давлатҳои хориҷӣ тақвият бахшад. Ҳамчунин, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир ба кофтукови ҷинояткорони аз тафтишот ва суд пинҳоншуда бояд беҳтар карда шавад. Зеро то охири соли гузашта аз шумораи умумии чунин шахсон ҳамагӣ 27 фоизашон дастгир карда шуда, шумораи хеле зиёди онҳо то ҳол дар кофтуков қарор доранд. Вазъи тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ ва назорат аз болои таҳқиқу тафтиш ба талабот пурра ҷавобгӯй набуда, ҳолатҳои кашолкорӣ дар тафтиши парвандаҳо, тафтиши нопурра ва яктарафаи парвандаҳои ҷиноятӣ, бандубасти нодурусти кирдори айбдоршавандагон, набурдани назорати прокурорӣ барои барқарор кардани зарар ва аз тарафи судҳо ба тафтиши иловагӣ баргардонидани парвандаҳои ҷиноятӣ кам нестанд. Масалан, бо сабаби пурраву ҳаматарафа тафтиш нагардидани ҳолатҳои парванда ва роҳ додан ба дигар қонунвайронкуниҳо, дар маҷмӯъ, қариб 1200 адад парвандаи ҷиноятӣ, аз ҷумла аз ҷониби судҳо 534 парванда ба тафтиши иловагӣ баргардонида шудааст. Баъди тафтишоти иловагӣ қариб 800 парванда дубора ба судҳо ирсол гардида, 160 парвандаҳои ҷиноятӣ аз тарафи худи мақомоти тафтиш қатъ карда шудаанд. Яъне оид ба 1159 парвандаи ҷиноятӣ на танҳо айбдоршавандагон, балки шоҳидону хешу таборони онҳо такрор ба такрор ба мақомот даъват гардидаанд, ки ҳамаи ин вақт ва маблағи иловагиро талаб мекунад. 160 парвандаи қатъгардида бошад, нишон медиҳад, ки ҳамин қадар айбдоршавандаҳо беасос ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд. Ғайр аз ин, мақомоти прократура 1215 ҳолати аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бармаҳал оғоз намудани парвандаҳои ҷиноятиро ошкор намуда, қарорҳои ғайриқонунии муфатишонро бекор кардаанд. Илова бар ин, 228 қарори дигари мақомоти тафтиш дар хусуси оғози парвандаи ҷиноятӣ бо сабаби беасос оғоз карда шуданашон қатъ карда шудаанд. Аз ҷониби судҳо дар даҳ соли охир 38 нафар пурра сафед карда шудааст. Ҳамаи ин гуфтаҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки сифати тафтишоти пешакӣ то ҳол қаноатбахш нест. Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки дар паси ҳар як парванда одамон меистанд. Муфаттишон ва таҳқиқбарон набояд бо тақдири одамон бозӣ кунанд. Ҳар як даъват ба мақомот боиси озурдахотирии одамон мегардад. Бинобар ин, кормандони мақомот бояд хуб дарк намоянд, ки онҳо на соҳиб ва ҳалкунандаи тақдири дигарон, балки муҳофизони ҳуқуқи онҳо мебошанд. Дар ин самт Прокуратураи генералиро зарур аст, ки назорати риояи қонунро дар марҳалаҳои тосудӣ боз ҳам ҷиддитар намояд ва ба вайрон гардидани ҳуқуқи одамон роҳ надиҳад. Мехоҳам диққати шуморо боз ба як масъалаи хеле муҳим ҷалб намоям. Қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеияти тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятиро дақиқ муқаррар намуда, назорати риояи онро ба зиммаи прокурорҳо вогузор кардааст. Илова бар ин, ба прокурорҳо ҳуқуқ дода шудааст, ки дар ҳолати вайрон гардидани тобеияти тафтишотӣ, инчунин, бо мақсади пурра, ҳаматарафа ва холисона анҷом додани таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ, сарфи назар аз тобеияти тафтиш, парвандаи ҷиноятиро аз як мақоми таҳқиқ ё тафтиш ба дигар мақомоти таҳқиқ ё тафтиш диҳанд. Вале прокурорҳо ин вазифаи худро нодида мегиранд, ки дар натиҷа байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рақобати носолим ба вуҷуд омада, боиси баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ ва машғул шудан бо фаъолияте мегардад, ки ба вазифаҳои асосии ин ё он мақомот дахл надорад. Бинобар ин, ба прокурорҳои ҳамаи сатҳҳо дастури қатъӣ дода мешавад, ки ба риояи тобеияти тафтишотии парвандаҳои ҷиноятӣ дар мақомоти тафтишу таҳқиқ диққати аввалиндараҷа дода, ба зиёдаравӣ ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ аз ҷониби дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва худи прокурорҳо роҳ надиҳанд. Беасос тӯл кашидани тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ, ки боиси ташвишу саргардонӣ ва норизоияти шаҳрвандон мегардад, яке аз камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияти муфаттишони мақомоти назорату тафтишот мебошад. Дар соли 2017-ум ҳолатҳои вайрон намудани муҳлати тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ аз ҷониби муфаттишони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 18 фоиз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 16, мақомоти прокуратура 12, Агентии назорати маводи нашъаовар 12 ва Вазорати корҳои дохилӣ 11 фоизро ташкил кардаанд. Аз ин лиҳоз, ба мақомоти прокуратура зарур аст, ки назоратро аз болои рафти таҳқиқу тафтиш, алалхусус, ғайриқонунӣ оғоз намудани парвандаҳои ҷиноятӣ ва беасос ба ҷавобгарӣ кашидани одамон, сифати пасти тафтиши парвандаҳо ва риоя нагардидани муҳлати тафтиш боз ҳам пурзӯр карда, ҳолатҳои беасос кашол додани тафтиш ва аз ҷониби таҳқиқбарандагону муфаттишон бидуни зарурат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даъват кардани шаҳрвандонро пешгирӣ намоянд. Ҳамзамон бо ин, мақомоти прокуратураро зарур аст, ки якҷо бо Вазорати адлия назоратро аз болои риоя ва иҷрои қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ пурзӯр намуда, доир ба пешгирӣ намудани содиршавии аъмоли номатлуб аз ҷониби маҳбусон ва паст задани шаъну шарафи инсонии маҳбусон аз ҷониби кормандони муассисаҳои ислоҳӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Бояд ёдовар шуд, ки бо истифода аз принсипи инсондӯстӣ ва ба ҳаёти осудаву заҳмати созанда сафарбар кардани шахсони маҳкумшуда дар замони истиқлолияти давлатӣ понздаҳ маротиба Қонун “Дар бораи авф” қабул шуда, нисбат ба 110 ҳазор нафар татбиқ гардид. Ҳамчунин, бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати мамлакат маблағгузории муассисаҳои ислоҳӣ мунтазам зиёд шуда, ҳоло шароити нигоҳдошти маҳбусон хеле беҳтар гардидааст. Бояд гуфт, ки вазъи иҷрои санадҳои судӣ вобаста ба рӯёнидани маблағи зарар низ ба талабот ҷавобгӯ набуда, фаъолияти мақомоти дахлдор дар ин самт беҳбудиро талаб менамояд. Иҷрои воқеии санадҳои судӣ дар солҳои 2012-2015 аз 9 то 16 фоизро ташкил дода, соли 2016 аз тарафи иҷрочиёни судӣ аз 50 ҳазор санади иҷро оид ба рӯёнидани 402 миллион сомонӣ ҳамагӣ 51 миллион сомонӣ ё 13 фоиз иҷро шудааст. Бинобар ин, ба Прокуратураи генералӣ супориш дода мешавад, ки назоратро дар самти иҷрои санадҳои судӣ тақвият бахшида, бо мақсади таъмини барқарор намудани зарари расонидашуда дар марҳалаҳои санҷиши пешакӣ, таҳқиқ ва тафтишот чораҳои зарурӣ андешад. Дар шароити кунунӣ аҳаммияти омодабошии Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳифзи истиқлолияту озодии давлат ва ҳимояи марзҳои он дучанд афзуда, зарурати андешидани чораҳои иловагиро ба миён меорад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ муносибатҳои ғайриоинномавӣ, тасарруфи маблағҳои барои хариди озуқа ҷудошуда ва дигар ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо ҷой дошта, ба омодабошии қисмҳои ҳарбӣ, тайёрии ҷангӣ ва рӯҳияи сарбозон таъсири манфӣ мерасонанд. Дар сатҳи зарурӣ таъмин нагардидани интизоми ҳарбӣ дар сохторҳои низомӣ аз ҷониби роҳбарияти онҳо ва суст будани назорати прокурорӣ дар ин самт сабабҳои асосии рух додани чунин ҳодисаҳо мебошанд. Аз ин рӯ, ба Шӯрои амният, Прокуратураи генералӣ, Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои низомӣ супориш дода мешавад, ки назорати риояи оинномаҳои ҳарбӣ, истифодабарии мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва амволро ба таври қатъӣ ҷоннок намуда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷузъу томҳо ва тайёрии ҷангии хизматчиёни ҳарбӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд. Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, пешгирии он ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти мақомоти прокуратура мебошад. Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дар доираи салоҳияти худ метавонад қарорҳое қабул намояд, ки иҷрои онҳо аз тарафи ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳатмӣ мебошад. Вале прокурорҳои шаҳру ноҳияҳо имконияти ин ниҳодро ба таври дахлдор истифода намекунанд, ки ин, дар навбати худ, боиси содир гардидани ҷинояту қонуншиканиҳо мегардад. Ҳозирини арҷманд! Марҳалаи кунунии рушди кишвар дар роҳи бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд, инчунин, вазъи ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки мақомоти прокуратура ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ба амалӣ намудани вазифаҳои зерин эътибори аввалиндараҷа диҳанд: - тарзу усулҳои муосири фаъолиятро ҷорӣ карда, амалияи ҳуқуқтатбиқкуниро дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва давлат таъмин намоянд; - фаъолияти худро дар самти таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мутобиқ ба авзои сиёсии минтақа ва ҷаҳон, вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба роҳ монанд; - ҳамкориро бо мақомоти идоракунии давлатӣ, бахусус, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ таҳким бахшида, дар доираи ваколатҳои худ ба фаъолияти муътадили онҳо мусоидат намоянд; - амалисозии ваколатҳои назорат оид ба иҷрои қонунҳо ва қонунӣ будани санадҳои ҳуқуқиро дар мурофиаи судии ҷиноятӣ, гражданӣ ва иқтисодӣ таъмин созанд; - муборизаро бо ҷиноятҳои иттилоотӣ, кибертерроризм ва ҷиноятҳое, ки тавассути шабакаҳои интернетӣ содир мегарданд, ҷоннок намоянд; - назорати иҷрои қонунҳоро аз тарафи мақомоти амалисозандаи фаъолияти оперативию ҷустуҷӯӣ бо мақсади пешгирии қонуншиканӣ аз ҷониби онҳо ва таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд вусъат диҳанд; - ҳамкориро бо мақомоти судӣ ҷиҳати иштироки саривақтӣ дар мурофиаҳои судӣ ва пешгирии кашолкорӣ дар баррасии парвандаҳои судӣ вусъат бахшанд; - аз ҷониби мақомоти таҳқиқу тафтиши пешакӣ амалӣ гардидани принсипи конститутсионии эҳтимолияти бегуноҳиро таъмин намоянд; - бо мақсади пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ ба корҳои пешгирикунандаву фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ таваҷҷуҳи боз ҳам бештар диҳанд; - ба масъалаи интихоб ва ҷобаҷогузории дурусти кормандон эътибори аввалиндараҷа дода, барои таъмин намудани мақомот бо кадрҳои лаёқатманду ташаббускор, аз шахсони тасодуфӣ тоза кардани сафҳои онҳо, пешгирии коррупсия дар байни кормандон, тарбияи ҳайати шахсӣ дар рӯҳияи ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан ва арзишҳои миллӣ, инчунин, риояи ҳатмии талаботи Кодекси одоби кормандони прокуратура чораҳои зарурӣ андешанд; - аз ҷониби кормандони сохтору мақомоти дахлдор поймол гардидани ҳуқуқи шаҳрвандон, истифодаи усулҳои ғайриқонунии таҳқиқу тафтиш, дахолат ба фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ва дигар амалҳои номатлубро қатъиян пешгирӣ кунанд; - сари вақт баррасӣ гардидани муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ таъмин намоянд. Дар робита ба масъалаҳои зикршуда, боз як нуктаи дигарро хотирнишон месозам. Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматчиёни давлатӣ вазифадоранд, ки ҳар сол ба мақомоти андоз оид ба даромад ва вазъи молу мулк эъломия пешниҳод намоянд. Зарур мешуморам, ки ин талабот ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла прокурорҳо низ татбиқ карда шавад. Илова бар ин, бори дигар таъкид менамоям, ки вазифаи прокурорҳо ва кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фақат дастгиру маҳкум кардани шахсони гунаҳкор нест. Онҳо, дар навбати аввал, бояд ба масъалаи пешгирӣ кардани содиршавии қонуншиканиву ҷиноятҳо диққат диҳанд ва корро тавре ба роҳ монанд, ки риояи қонун ба одати доимии мардум табдил ёбад. Тавре ки зикр гардид, прокуратура ягона мақоме мебошад, ки ваколатҳои он ба тамоми ташкилоту корхонаҳо, сохтору ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ ва доираҳои гуногуни аҳолӣ татбиқ мегарданд. Яъне кормандони мақомоти прокуратура чашми давлат мебошанд ва вазифадоранд, ки ҳамеша дар хизмати халқ бошанд, ҳама гуна камбудиву қонуншиканиро дар ҷомеа сари вақт ошкор ва ҷиҳати бартараф намудани онҳо чораҷӯӣ намоянд. Хотирнишон месозам, ки агар кормандони прокуратура ба иҷрои вазифаи худ бо масъулият ва ҷиддият муносибат кунанд, қонуншиканиҳое, ки то имрӯз дар кишвар вуҷуд доранд, рух намедиҳанд. Аз ин лиҳоз, кормандони прокуратура бояд ба иҷрои вазифаҳои бадӯшдоштаи худ бо масъулияти баланд, поквиҷдонона ва бо садоқат ба халқу Ватани худ муносибат намоянд. Дар охир бори дигар ҷашни касбиатонро табрик гуфта, ба ҳар яки шумо дар иҷрои ин рисолати пуршараф барору комёбӣ орзу менамоям ва итминон дорам, ки минбаъд фаъолияти худро ба хотири ҳимояи дастовардҳои даврони истиқлолият, рушди устувори давлат ва суботу оромии ҷомеа дучанд мекунед. Ҳамеша саодатманду сарбаланд бошед!