11:48, 31 Марти 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Март 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Истиқболи Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе

Имрӯз Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

бо сафари расмии навбатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе роҳбари давлати ба мо дӯсту бародар, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путинро Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд. Ба муносибати ташрифи меҳмони олимақом Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо шиору навиштаҷоти шодбошӣ ва инъикосгари дӯстию муштаракоти қавии Тоҷикистону Россия оро дода шуда, ҳайати низомии Горди фахрӣ саф ороста буданд. Хотиррасон мешавем, ки сафари расмии Президенти Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои 25-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии ду давлат ҷараён гирифта, чорабиниҳои зиёди сатҳи баланди сиёсиро фаро мегирад. Маросими истиқболи расмии меҳмони олиқадр худи ҳамин рӯз дар Қасри миллат баргузор мешавад. Дар доираи ин сафар аз ҷумла мулоқоти хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, музокироти сатҳи олии дуҷониба, имзои бастаи санадҳои нави ҳамкорӣ ва дигар чорабиниҳои муҳими байнидавлатӣ дар назар дошта шудааст.