12:21, 17 Сентябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Мулоқот бо Муовини аввали Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Игор Шувалов

Нимаи дуюми рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Игор Шуваловро, ки барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ба Душанбе бо сафари корӣ ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд. Дар рафти сӯҳбат натиҷаҳои кори Комиссия ва масоили вобаста ба ҳолати кунуниву дурнамои муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россия мавриди баррасӣ қарор доштанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби худ аҳамияти натиҷаҳои кори Комиссияи муштаракро барои пешбурди минбаъдаи ҳамдастии ду кишвар дар тамоми маҷмӯи ҳамкориҳо таъкид намуданд. Зимнан қайд гардид, ки соли равон Тоҷикистон ва Россия 25-солагии роҳандозии робитаҳои дипломатиашонро ҷашн мегиранд ва тайи ин давра масоили вобаста ба таҳкиму ҳамкориҳои гуногунҷанба бо шарики калидии стратегӣ - Федератсияи Россия дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҷойгоҳи хоса доштанд ва хоҳанд дошт. Сарвари давлати мо дар ишора ба зумрае аз масъалаҳои мубрами рӯзномаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия аҳаммияти идомаи ҳамкории ҷонибҳоро ҷиҳати тавсеа бахшидан ба ҷанбаи тиҷоративу иқтисодии онҳо бо назардошти ниёзмандиҳои воқеӣ ва имкониятҳои мавҷуда таъкид намуданд. Ба ҳайси самтҳои ояндадор соҳаҳои энергетика, коркарди маъданҳо, комплекси агросаноатӣ ва дигар соҳаҳои бахши воқеии иҷтисоди Тоҷикистон ном бурда шуданд. Ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла дар ояндаи наздик омода сохтану ба имзо расонидани бастаи нави созишномаҳо, ки ба тақвияти ҳимояи ҳуқуқиву иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ равона шудаанд, таваҷҷӯҳи лозимӣ зоҳир карда шуд. Президенти Тоҷикистон инчунин ба зарурати роҳҳои қобили қабули тарафайни ҳалли масъалаҳое, ки дар соҳаи ҳамлу нақли ҳавоӣ ба вуҷуд омада, барои шаҳрвандон мушкилот эҷод мекунанд ва боиси доғдор шудани шарокати стратегии ҳарду давлат мегарданд, ишора намуданд. Дар партави таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳифз ва тавсеаи фазои умумии маънавиву фарҳангии мардумони ҳарду кишвар, Президенти Тоҷикистон аҳамияти робитаҳои фарҳангиву гуманитариро махсусан қайд намуданд. Дар ин замина ва бо дарназардошти ҳавасмандии зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати ба даст овардани маълумоти оливу миёна ба забони русӣ, аз ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати зиёд кардани квотаҳои таълимӣ барои ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Россия аз рӯи касбу ихтисосҳои мувофиқ ба талаботи рӯзи кишвари мо ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд. Дар баробари ин таъмини муассисаҳои таълимии Тоҷикистон бо кадрҳои педагогии рус, китобу воситаҳои таълимӣ, инчунин дар кишвар тавсеа бахшидан ба шабакаҳои макотиби таҳсилоти миёна ба забони русӣ низ ҳамчун масалаҳои мубрами рӯз қайд гардиданд. Ба ин манзур Президенти Тоҷикистон ҷиҳати аз ҷониби Россия расонидани кумаку мусоидати амалӣ дар ҳалли масъалаҳои мазкур изҳори умед намуданд. Дар фароварди сӯҳбат, ки дар рӯҳияи созандагиву ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, тарафҳо изҳори боварӣ карданд, ки натиҷаҳои кори Комиссияи байниҳукуматӣ ба сифатнокии маҷмуи ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия таъсири мусбат хоҳанд расонид.