06:05, 12 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Ифтитоҳи Чойхона бо 200 ҷойи нишаст дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт

Дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Чойхонаи замонавӣ бо 200 ҷойи нишастро ба истифода дод. Бинои чойхона аз ҷониби Раёсати ҷамъияти матлуботи ноҳияи Ашт дар Боғи марказии фарҳангу фароғатии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов сохта шудааст. Иншооти маишию хизматрасонӣ аз толори калон бо 140 ҷойи нишаст, толори иловагӣ барои 20 ҷойи нишаст, 4 ҳуҷраи алоҳида, ки ҳар яки он барои 10 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст ва таҳхонаю ҳуҷраҳои омодасозии хӯрок иборат мебошад. Қаблан дар ҳудуди боғи ба номи Маҳмудҷон Воҳидов варзишгоҳ ва дигар марказҳои дилхушӣ вуҷуд дошт ва сохтмони Кохи фарҳанг ва Чойхонаи нави ҳозиразамон маҷмуъи иншоотҳои фароғатии онро пурра сохт. Зимни шиносоии бино иттилоъ дода шуд, ки чойхона дар масоҳати 21 садяк сохта шуда, ба ғайр аз бинои асосӣ дар атрофи он низ барои қабули мизоҷон шароит муҳайё карда шудааст. Баҳри табъи болидаи мизоҷон дар саҳни бинои чойхона ва атрофи он дарахтони ороишии ҳамешасабз ва сояафкан шинонда шудааст. Тавре иттилоъ дода шуд, сохтмони бино ҳамагӣ 1 сол давом кард, ки барои бунёди он 40 нафар сохтмончии маҳаллӣ ҷалб гардид. Дар чойхонаи ҳозиразамон барои гузаронидани туй ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён барои бунёди чунин як бинои зебо баҳои арзанда дода, ба масъулини раёсати ҷамъияти матлуботи ноҳия дастур дод, ки бо истифода аз ин иншооти муосир сатҳи хизматрасониро ба аҳолӣ беҳтар намоянд.