03:25, 11 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Ифтитоҳи Кохи фарҳанг дар Боғи ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дар ноҳияи Ашт

Дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бинои нави Кохи фарҳангро ба истифода дод. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтироми хос ва бо нишони пуштибонӣ аз сиёсати созандаи ҳукумати кишвар гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Зимни шиносоӣ аз иншооти нави фарҳангӣ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки сохтмони Кохи фарҳанги ноҳия моҳи марти соли 2014 аз ҷониби Идораи сохтмони асосии вилоят оғоз гардида, маблағи умумии сохтмони бино ба 12 миллион сомонӣ баробар мебошад. Кохи фарҳанг 2 - ошёна буда, аз толори асосӣ бо 800 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои корӣ, толорҳои хурди машқӣ, толори маҷлис ва таҳхона иборат мебошад. Бино бо истифода аз санъати меъмории миллӣ ороиш дода шуда, намои асосии он аз 18 сутун ва дарҳои кандакорӣ иборат аст. Пештоқи болои бино бо мусаввараҳои гуногун ва шифту деворҳои толори асосӣ бо истифода аз гаҷкорию кандакорӣ хеле зебою назаррабо сохта шудааст. Дар саҳни ҳавлии Кохи фарҳанг ду фаввора бо чароғҳои ранга ҷойгир карда шуда, гирду атрофи майдон ва ҳудуди боғи фарҳангии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бо дарахтон, гулу гулбуттаҳо ва таҷҳизоти муосири равшанидиҳӣ ороиш дода шудааст. Зимни шиносоӣ бо шароити Кохи фарҳанги ноҳия, ки акнун макони баргузории чорабиниҳои гуногун мегардад, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён ва устоҳои гулкор барои бунёди чунин як бинои наву замонавӣ изҳори сипос кард. Дар саҳни ҳавлии Кохи фарҳанг Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли фарҳанг ва дигар сокинони ноҳия, ки барои истиқболи Пешвои миллат ва сӯҳбат бо Сарвари хеш ҷамъ омада буданд, мулоқоти самимӣ орост. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли ҷамоатчигии ноҳия барои истиқболи гарм ва ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат изҳори сипос кард ва бунёду ба истифодадиҳии иншоотҳои таъиноти гуногун, муҳайё кардани шароити мусоиди кору зиндагӣ ва истироҳатро қадршиносии Ҳукумати кишвар нисбат ба мардуми бофарҳанг ва меҳнатқарини ноҳия маънидод намуд. Зимни баромади худ сокинони ноҳия ба Пешвои ғамхори хеш Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи талошҳову ташаббусҳои созанда сипосгузорӣ карданд.