09:19, 05 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Суханронӣ бо роҳбарону фаъолони шаҳри Конибодом дар боғи хоҷагии деҳқонии Ғалабаи деҳоти Раҷаб Ҳамробоев

Ҳамватанони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Шаҳри Конибодом бо табиати зебову обу хоки зархез, боғҳои серҳосил ва меваҳои шаҳдбори худ яке аз гӯшаҳои зебоманзари кишвари азизамон ба ҳисоб меравад. Яке аз суннатҳои қадимаи мардуми шаҳри Конибодом боғдорӣ буда, ин пешаи аҷдодӣ тӯли асрҳост, ки дар байни мардуми он мақоми хосса дорад ва ҳар боре, ки ба ин мавзеи пурфайзу баракат сафар мекунам, шоҳиди навгонӣ ва дастовардҳои навбатии боғпарварон ва умуман кишоварзони номдори шаҳри Конибодом мегардам. Бинобар ин, дар ин рӯзҳои файзбори баҳори дилафрӯз кулли мардуми ганҷофари шаҳри Конибодом ва ҳар яки шумо, иштирокдорони мулоқоти имрӯзаро бо фарорасии Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи оламафрӯз самимона табрик гуфта, ба хурду бузурги ин мулки зебои диёрамон бахту иқболи баланд ва ба кишоварзони он баракати кор орзу менамоям. Муаррихон сабаби Конибодом ном гирифтани ин шаҳри шуҳратманди кишварамонро ба шуғли асосӣ, яъне бунёди боғҳои сершумори бодом ва серҳосил будани ин навъи дарахт, одобу русум ва маданияти боғдориву табиатдӯстии мардуми он нисбат медиҳанд. Маҳз бо такя ба чунин анъанаҳои неки гузаштагони худ сокинони шаҳри Конибодом ба корҳои ободонӣ бо азми қавӣ муносибат карда, бо меҳмоннавозиву заҳматдӯстиашон ва ватанпарвариву фарҳангдӯстии хеш дар ҷодаи таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва рушди минбаъдаи кишвари азизамон саҳми назаррас мегузоранд. Тавре зикр намудам, мардуми заҳматдӯсти шаҳр дар ҳамаи самтҳои зиндагӣ таҷрибаи бой дошта, ободии диёрро аз хонаву дари худ оғоз мекунанд. Самараи ҳамин меҳру муҳаббат нисбат ба сарзамини аҷдодист, ки имрӯз рӯзгори сокинони шаҳр бамаротиб беҳтар шуда, кӯчаву хиёбонҳои шаҳр симои замонавӣ касб намуда истодаанд. То омадан ба назди шумо мо бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ва фаъолияти корхонаҳои саноативу кишоварзии шаҳр шинос гардида, аз самараи заҳмати сокинон таассуроти хуб ҳосил намудем. Айни замон мову шумо дар яке аз мавзеъҳои дилнишини шаҳр - боғи зардолуи хоҷагии деҳқонии Ғалаба қарор дорем, ки аз шукуфоиву рангорангии дарахтони он табиати минтақа боз ҳам зебову дилрабо гардидааст. Ҳамзамон бо ин, дар остонаи ҷашни мубораку бузурги миллиамон – 25 – солагии истиқлолияти давлатӣ имрӯз мо шоҳиди ба фаъолият оғоз кардани корхонаи муштараки саноатии коркарди нафт дар деҳоти Пӯлодони шаҳри Конибодом шудем. Корхонаи мазкур дар масоҳати 12 гектар бунёд гардида, иқтидори истеҳсолии он 70 ҳазор тонна нафт дар як сол мебошад. Чунин миқдор маҳсулоти нафт барои то андозае қонеъ гардонидани талаботи шаҳри Исфара ва вилоят бо сӯзишворӣ мусоидат мекунад ва иқдоми хайру саривақтӣ мебошад. Зеро дар кишвари мо захираҳои нафту газ ниҳоят маҳдуданд. Корхона дар хамкорӣ бо мутахассисони Ҷумҳурии Халқии Хитой бунёд гардида, дар он навъҳои гуногуни маҳсулоти нафтӣ истеҳсол карда мешавад. Дар сурати пурра ба истифода додани он 80 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Инчунин, дар ҳудуди шаҳр бо мақсади коркард ва бастабандиву содироти меваҳои хушки хуштамъ коргоҳи «Меваи Канд» ба фаъолият оғоз намуд, ки иқтидори истеҳсолии он 1200 тонна меваи хушк дар як сол буда, ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти ҷавобгӯй ба стандартҳои ҷаҳонӣ бо технологияҳои замонавӣ таҷҳизонида шудааст. Ҳамзамон бо ин, аз ҳисоби заминҳои бекорхобида барои бунёди боғҳои мева бо усули обёрии қатрагӣ барои коргоҳ 31 гектар замин ҷудо шудааст, ки дар ояндаи наздик амалисозии ин тадбири ободгарона оғоз меёбад. Ҳамчунин, то имрӯз дар самти беҳтар намудани ҳолати роҳҳои мошингард зиёда аз 250 километр роҳҳои дохилӣ ва умумии ҳудуди шаҳр таъмиру азнавсозӣ карда шудаанд. Бо мақсади идома додани бунёди роҳҳои мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ мо имрӯз корҳои азнавсозии шоҳроҳи Исфара - Конибодом - Ҷаббор Расуловро оғоз кардем ва итминон дорем, ки ин шоҳроҳи бузург то охири соли 2017 ба истифода супорида шуда, қадами навбатӣ дар самти осон гардонидани мушкилоти мусофирон, интиқоли молу маҳсулот ва ободиву рушди минбаъдаи иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳои зикршуда мегардад. Ҳозирини арҷманд! Ҳукумати мамлакат дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба масъалаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Конибодом ва ободиву пешрафти он таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар 15 соли охир бо дастгирии Ҳукумати мамлакат буҷети шаҳр 26 баробар, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 8 баробар ва майдони боғҳо 3 ҳазор гектар афзуда, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ то 25 баробар, сармоягузорӣ ба сохтмон 25 ва ба кор андохтани фондҳои асосӣ 9 баробар зиёд гардидааст. Ҳоло дар шаҳр тақрибан 9000 нафар бо соҳибкорӣ машғул буда, саҳми онҳо дар пардохти андозҳо ва корҳои ободонӣ хеле назаррас мебошад. Танҳо соли гузашта аз ҷониби соҳибкорон 16 иншооти нави таъиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудаанд. Тайи панҷ соли охир ҷиҳати рушди бахшҳои мухталиф дар марказ ва деҳоти шаҳр лоиҳаҳои идоракунии захираҳои оби водии Фарғона, барқарорсозии низоми таъминот бо оби нӯшокӣ, рушди тибби оилавӣ, беҳсозии ҳолати санитарӣ дар деҳот ва барномаи рушди ҷамоатҳои деҳот ба маблағи даҳҳо миллион сомонӣ амалӣ шудаанд. Конибодом яке аз шаҳрҳои бузурги саноатии кишвар буда, дар ҳудуди он 50 корхонаи саноатӣ амал мекунад. Соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳр 117 миллион сомониро ташкил дода, ҷиҳати бо ҷойҳои нави корӣ таъмин намудани аҳолӣ корхонаву коргоҳҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмон, маҳсулоти қаннодӣ, қисмҳои эҳтиётӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ сохта, ба истифода дода шудаанд. Мувофиқи дурнамо соли ҷорӣ бо дарназардошти ба истифода супоридани якчанд коргоҳҳои навтаъсис афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҳаҷми 180 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2015 -ум 62 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар доираи амалӣ гардидани Барномаи ислоҳоти кишоварзӣ барои солҳои 2012-2020 ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум айни замон дар шаҳр 7500 адад хоҷагиҳои деҳқонии навтаъсис фаъолият мекунанд. Ҷиҳати амалӣ гардонидани Фармони Президенти кишвар “Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014” дар шаҳри Конибодом зиёда аз 2000 ҳазор гектар боғ бунёд гардида, 1200 гектар боғҳои куҳна барқарор карда шудаанд. Кишоварзони шаҳри Конибодом дар масъалаи маданияти заминдорӣ таҷрибаи зиёд доранд ва шубҳае нест, ки бо вуҷуди номусоид омадани ҳаво бо истифода аз тамоми имкониятҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваю сабзавот ва коркарду содироти онро афзоиш медиҳанд. Шаҳри Конибодом аз ҷумлаи мавзеъҳои барои моҳипарварӣ бисёр мусоид буда, дар хоҷагиҳои моҳипарварии он навъҳои гуногуни моҳӣ парвариш карда мешавад, ки яке аз манбаъҳои даромади сокинон ва таъмини аҳолӣ бо ин навъи ғизои парҳезӣ мебошад. Зарур аст, ки дар доираи барномаҳои давлатӣ рушди соҳаи мазкур таъмин карда шуда, моҳипарварӣ минбаъд ба яке аз самтҳои муҳимми афзоиши маҳсулоти воридотивазкунанда дар вилоят ва шаҳри Конибодом, инчунин ҷойҳои иловагии корӣ табдил дода шавад. Соли 2015 бо вуҷуди номусоид омадани ҳавои аввали баҳор ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 333 миллион сомониро ташкил додааст. Тавре ки дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ зикр намудам, яке аз самтҳои асосии фаъолияти хоҷагиҳои кишоварзӣ беҳтар намудани вазъи соҳаи пахтакорӣ мебошад. Зеро пахтакорӣ яке аз соҳаҳои сердаромади кишоварзӣ, истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ, манбаи хуби даромад ва ҷойи корӣ мебошад. Мувофиқи маълумот соли гузашта хоҷагиҳои пахтакор ба ҷои 6000 гектари пешбинишуда ҳамагӣ дар майдони 5000 гектар кишти пахта гузаронида, 11 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ кардаанд. Ҳол он, ки ҳамагӣ чанд сол пеш Конибодом яке аз мавзеъҳои калони пахтакорӣ ба ҳисоб мерафт ва дар ин соҳа даҳҳо нафар одамони номдору шуҳратманд дошт. Зарур аст, ки роҳбарони Вазорати кишоварзӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдор, роҳбарону мутахассисони вилоят ва шаҳр, инчунин хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ин масъала эътибори ҷиддӣ дода, кӯшиш намоянд, ки шуҳрати пешинаи Конибодомро барқарор созанд. Дӯстони азиз! Тавре ки борҳо таъкид намудам, масъалаҳои вобаста ба пешрафти бахшҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла соҳаи маориф ба таҳкими пояҳои моддиву техникии он алоқаманд буда, ҳалли мушкилоти дар ин самт ҷойдошта дар мадди назари доимии Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Давоми даҳсолаи охир аксари масъалаҳои мубрами соҳаи маориф, аз ҷумла таъмини мактабҳои ноҳияҳои дурдаст бо омӯзгорони соҳибихтисос ва ҳавасмандгардонии онҳо, баланд бардоштани сатҳи саводнокии хонандагон ва робитаи мактаб бо оила тадриҷан роҳи ҳалли худро пайдо карда истодаанд. Ин раванд дар шаҳри Конибодом низ идома дошта, мардуми маърифатпарвар ва илмдӯсти он барои таъмини ояндаи неки фарзандони худ дар баробари аҳли маориф саъю талош намуда истодаанд. Мардуми Конибодом табиатан илмдӯсту донишпарваранд ва фарзандони маъруфи ин диёр дар пешрафти илму маориф ва адаби фарҳанги кишварамон хизмати басо арзишманд анҷом додаанд. Бо дарназардошти ин, Ҳукумати мамлакат ба рушди инфрасохтори маорифу тандурустӣ ва фарҳанги шаҳр эътибори ҷиддӣ медиҳад. Ҳамин аст, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Конибодом аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 20 бинои нави таълимӣ барои 3500 ҷойи нишаст сохта, бо истифода дода шудааст. Боиси қаноатмандист, ки дар самти ба касбу ҳунарҳои мардумӣ ҷалб намудани хонандагон ва бо мақсади тарғиби ин масъала қариб дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр омӯзиши тарзи кор бо асбобу таҷҳизоти зарурии рӯзгор, инчунин маҳфилҳои дӯзандагӣ, сӯзанидӯзӣ ва қолинбофӣ таъсис дода шудаанд. Дар баробари ин, ҷиҳати ҷалби ҷавонону наврасони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ба омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ, шуғл ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим тадбирҳои доимӣ андешида мешаванд. Мардуми фарҳангдӯсти шаҳри Конибодом дар тӯли асрҳои зиёд беҳтарин намунаҳои ҳунарҳои аҷдодамон, аз қабили кандакориву чӯбкорӣ, оҳангариву сангтарошӣ, қаннодиву нонвоӣ ва дигар ҳунарҳои зеборо то замони мо нигоҳ доштаанд. Ҳамзамон бо ин, бояд зикр намоям, ки сокинони шаҳр бо хислатҳои неки ҳунармандиву меҳнатдӯстӣ, эҳсоси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ ва меҳмоннавозиву эҳтиром ба анъанаҳои гузаштаву имрӯзаи миллат маъруф гардидаанд. Бо дарназардошти вазъи ноороми ҷаҳони имрӯза ва идома пайдо кардани буҳрони моливию иқтисодии ҷаҳонӣ зарур аст, ки ба масъалаи сарфаю сариштакорӣ дар ҳамаи самтҳои зиндагӣ, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, омӯзиши илму дониши муосир ва азхудкунии касбу ҳунарҳои замонавӣ тарбия кардани наврасону ҷавонон, аз таъсири фарҳангу мафкураи бегона эмин доштани онҳо, инчунин боз ҳам ободу зебо гардонидани хонаву кошона ва маҳалли зист эътибори ҷиддӣ дода шавад. Мардуми шаҳри бостонии Конибодом дар ин масъалаҳо анъанаҳои нек ва таҷрибаи бой доранд. Итминони комил дорам, ки мардуми сарбаланду заҳматқарини шаҳри Конибодом минбаъд низ бо меҳнати созандаи хеш барои ободу пешрафта гардонидани Ватани маҳбубамон ва таҳкими иқтидори иқтисодии Тоҷикистони соҳибистиқлоламон саҳми арзандаи худро дареғ намедоранд. Кулли мардуми заҳматдӯсту меҳмоннавози шаҳри бостонии Конибодомро бори дигар ба ифтихори Соли нави аҷдодиамон – Наврӯзи фархунда табрик гуфта, ба ҳамаи шумо тансиҳативу барори кор, хонаи обод ва рӯзгори пурфайз орзу менамоям.

Ҳамеша саломат бошед, ҳамватанони азиз!