09:49, 05 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Гузоштани санги асоси бунёди шаҳраки «Меҳробод» дар ноҳияи Мастчоҳ

Дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ барои бунёди шаҳраки наву замонавии Меҳробод санги асос гузошт. Тавре ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, шаҳраки нав дар масоҳати 330 гектар, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти «Суғдиён» бунёд меёбад. Нақшаи генералии шаҳраки «Меҳробод» аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғдофар» таҳия гардидааст. Тибқи нақша дар шаҳраки «Меҳробод» 18 километр дуртар аз маркази ноҳияи Мастчоҳ бояд 220 манзили дуқабата ва 2500 манзили зисти якқабата сохта шавад. Дар даромадгоҳи шаҳраки «Меҳробод» Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди се иншооти муҳим, аз ҷумла мактаб, беморхона ва боғчаи кӯдакона асос гузошт. Зимни шиносоӣ бо лоиҳа Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён дастур дод, ки шаҳр мутобиқи тамоми қоидаҳои шаҳрсозӣ босифат бунёд гардад ва он бояд садсолаҳо ба мардум хизмат расонад. Дар ин мавзеъ аллакай 1,5 километр роҳ мумфарш гардида, хатҳои интиқоли барқ ва лулаҳои об кашида шудааст. Иттилоъ дода шуд, ки дар ин ҷо сокинони «Шаҳраки Сомониён», Ҷамоати деҳоти «Палдорак», «Бустон» ва «Обурдон» бо замин таъмин карда шуданд. Ин тадбири хеле олиҳимматонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба хотири беҳдошти сатҳи зиндагии мардум амалӣ гардид. Сокинони ноҳия барои чунин ғамхориҳо ба Сарвару Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.