03:29, 11 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Барқияи тасаллият ба Шоҳи Белгия Филипп Леополд Людовик Мария

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳи Белгия

Филипп Леополд Людовик Мария барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст: «Аълоҳазрат, Хабари мудҳиши силсилаи таркишҳои фоҷеабори террористиро дар фурудгоҳ ва метрои шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия, ки муҷиби ҳалокати даҳҳо мардуми бегуноҳ ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди шаҳрвандон гаштаанд, бо андӯҳи бузург дарёфтам. Мавҷи даҳшатангезу ғайриинсонии амалҳои террористӣ, ки имрӯзҳо кишварҳои гуногуни оламро фаро гирифтаанд, боиси нигаронии шадиди аҳли сайёра гардида, бори дигар зарурати идомаи муборизаи сарҷамъонаи беамонро алайҳи ин вабои аср қотеъона таъкид менамояд. Бо изҳори таъзияву тасаллият ба тамоми мардуми дӯсти Шоҳигарии Белгия ва ҳамдардии амиқ ба наздикони қурбоншудагон орзуманди шифои комили осебдидагон ҳастем».