08:11, 15 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Иштирок дар тантанаҳои идона дар Наврӯзгоҳи пойтахт

Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои идонаи наврӯзӣ, ки дар Наврӯзгоҳи пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ кард. Ба хотири таҷлили бошукӯҳи Наврӯзи байналмилалӣ роҳҳои шафати Наврӯзгоҳ идона ороста шуда, сокинони ноҳияҳои пойтахт бо барпо кардани намоиши дастовардҳо, анъанаҳои накуи наврӯзӣ, расму оинҳои миллӣ, маҳсули дасти кадбонуҳо, ҳунари устоҳои чирадаст ин маҳалро ба базмгоҳи ҳақиқии идона табдил доданд. Дар Наврӯзгоҳи пойтахт шумораи зиёди мардум ва меҳмонони хориҷӣ Пешвои миллат ва сарвари тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хоса пешвоз гирифтанд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳозиринро ба муносибати иди фархундаи Наврӯзи ҷаҳонӣ, ҷашни эҳёи табиат, ибтидои пешомадҳои нав, оғози ниятҳои баҳорӣ ва нақшаву тадбирҳои тоза табрик гуфт. Таъкид гардид, ки “ин ҷашни умумимиллии Наврӯз барои халқи мо мероси таърихӣ ба шумор меравад, зеро он аз гузаштагони дурамон ба ёдгор мондааст. Оид ба хусусиятҳои хоси Наврӯз, ки дорои сифатҳои инсонпарваронаи некиву накӯкорӣ, бахшишу меҳрубонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ мебошад андешаронӣ карда, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ изҳор дошт, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки одамони сайёра ба ин ойини воқеан ва моҳиятан фарҳангиву инсонпарварона эҳтиром доранд ва онро ҳамчун воситаи сулҳу субот, покиву садоқат ва зебоиву бедорӣ эътироф менамоянд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки мо мардуми шарафманди тоҷик бисёр хушҳолу сарбаланд ҳастем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ин ҷашни воқеан мардумиро чун дастоварди бузурги хиради башар пазируфтааст. Дар охири суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар кулли ҳамватанон, сокинони пойтахти кишвари соҳибистиқлоламон ва меҳмононро ба муносибати ҷашни бузург - Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфта, орзуи хонаободию хушрузгории онхоро намуд. Тантанаҳои наврӯзи байналмилалӣ бо барномаи рангину пурмӯҳтавои театрикунонидашудаи устодони санъат, ки таҷассумгари оинҳои хоси Наврӯзи байналмилалӣ буд, идома ёфт.