08:57, 05 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Суҳбати телефонӣ бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ

Дар нимаи дуюми рӯзи 20 марти соли равон бо ташаббуси ҷониби Афғонистон

сӯҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ баргузор гардид. Дар рафти сӯҳбат сарварони ду давлати ба ҳам дӯсту ҳамсоя ҳамдигар ва мардумони кишварҳояшонро ба муносибати фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯзи хуҷастапай табрику муборакбод намуданд. Ҳангоми сӯҳбат ҷонибҳо ҳолати имрӯзаву дурнамои робитаҳои гуногунҷанбаи байни Тоҷикистон ва Афғонистон, ҳамчунин масоили мубрами минтақавию байналмилалиро низ мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар робита ба ин Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамтои худ доктор Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ҷиҳати анҷом додани боздиди расмӣ аз Тоҷикистон ва иштирок дар маросими ифтитоҳи корҳои сохтмонӣ дар тарҳи дорои аҳамияти бузурги минтақавӣ – КАСА-1000 даъват ба амал овард. Раисҷумҳури Афғонистон ин даъватро бо хушӣ пазируфт.