07:42, 15 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Оғози ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз ва мулоқот бо зиёиёни мамлакат

Дар Кохи Борбади пойтахт мулоқоти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни кишвар чун анъанаи накӯи наврӯзӣ дар арафаи ин ҷашни фархундаи ҷаҳонишуда оғоз гардид. Дар мулоқот шумораи зиёди аҳли зиёи мамлакат, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва меҳмонон аз кишварҳои хориҷ - иштирокчиёни Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи наврӯз, ки имсол дар Тоҷикистон баргузор мегардад, иштирок доранд. Чорабинии идонаи имрӯза бо ворид шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толори бошукуҳи Кохи Борбад оғоз ёфт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст аҳли толор, кулли мардуми Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамаи онҳоеро, ки ин Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил менамоянд, самимона шодбош гуфт.