10:16, 05 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷкистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб

Пас аз анҷоми мулоқоту музокирот байни ҳайатҳои воломақоми Тоҷикистону Аморот

маросими имзои санадҳо баргузор гардид. Мавриди зикр аст, ки заминаи ҳуқуқии муносиботи кишварҳоро 12 санади муҳим танзим мекард ва имрӯз маҷмӯи нави ҳуҷҷатҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн, аз ҷумла илму маориф, варзишу саёҳат, амният ва дин ба имзо расиданд. Санадҳои нави ҳамкорӣ бо чунин тартиб имзо шуд: Изҳороти муштарак оид ба густариши ҳамкории шарикӣ байни Ҷумҳурии Тоҷкистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва мубориза бо терроризм, Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба интиқоли маҳкумшудагон, Ёддошти тафоҳум оид ба машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Амороти Муттаҳидаи Араб; Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои миллии сайёҳӣ ва осори қадимаи Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва тадқиқоти илмӣ. Пас аз анҷоми музокирот ва имзои созишномаҳои нави ҳамкорӣ изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ноиби Президенти давлати Амороти Муттаҳидаи Араб, Сарвазири Аморот, Ҳокими шаҳри Дубай, Вазири мудофиа Волоҳазрат Шайх Муҳаммад бин Рашид Оли Мактум оид ба густариши ҳамкории шарикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб қабул гардид. Баъди анҷоми маросими имзои санадҳои муҳими ҳамкорӣ ва натиҷаҳои бобарори мулоқоту музокироти сатҳи олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Дубай ба шаҳри Абу Забӣ баргашт. Ҳамчунин дар шаҳри Абу Забии Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҳузури Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ва Вазири энергетикаи Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб Суҳейл Муҳаммад Ал Мазруӣ ду созишнома: Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи сарпарастии ҷавонони Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш; Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи умури исломӣ ва авқофи Амороти Муттаҳидаи Араб ба имзо расид.