03:46, 11 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Идомаи сафари расмӣ дар шаҳри Дубай

Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Амороти Муттаҳидаи Араб ба шаҳри Дубай ташриф овард. Дар назди қароргоҳи Сарвазири Аморот Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро ноиби Президенти давлати Амороти Муттаҳидаи Араб, Сарвазири Аморот, Ҳокими шаҳри Дубай, Вазири мудофиа Волоҳазрат Шайх Муҳаммад бин Рашид Оли Мактум истиқбол гирифт. Масоили дурнамои ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Аморот дар мулоқоти хосаи Эмомалӣ Раҳмон ва Шайх Муҳаммад бин Рашид Оли Мактум ва бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб баррасӣ гардид. Ҳокими шаҳри Дубай меҳмони олимақом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ташрифи расмиаш ба ин сарзамин хайрамақдам гуфт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти олии кишвари дӯсти Амороти Муттаҳидаи Араб ҷиҳати пазироӣ ва ҳусни накуи меҳмоннавозӣ изҳори сипос намуд. “Мулоқоту вохӯриҳои имрӯзаро фурсати муносибе барои баррасии ҳолати кунуниву дурнамои муносибатҳои байни кишварҳоямон медонем ва умедворем, ки натиҷаҳои онҳо ба муносибатҳои судманду хайрхоҳонаи байни Тоҷикистон ва Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб тобишу такони тоза хоҳанд бахшид” таъкид дошт зимни суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Ҳар ду ҷониб бо он ҳамақида буданд, ки барои рушди бахшҳои энергетика ва об, нақлиёт, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноати сабук ва истихроҷи маъдан имкониятҳои зиёде вуҷуд дорад. Тавсеаи ҳамкориҳо дар ҷодаи бонкдорӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, ташкили корхонаҳои муштараки шаклҳои гуногуни фаъолият, сайёҳӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ низ зарур шумурда шуд. Сармоягузорӣ дар бахшҳои бунёдӣ ва воқеии иқтисодиёт лоиҳаҳои сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии гуногуниқтидор ва нақшаҳои хурду бузурги инфрасохторӣ ва нақлиётию коммуникатсионӣ аз дурнамои неки ҳамкориҳо маънидод гардид. Ҷонибҳо зимни баррасии масоили ҳамкорӣ, инчунин вобаста ба таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти кишварҳо, вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, таъмини амнияти минтақа, дарёфти роҳҳои ҳалли як қатор мушкилоти глобалӣ андешаронӣ карданд.