07:59, 05 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Боздид аз Масҷиди ба номи Шайх Зойид ибн Султон Олӣ Наҳён

Дар доираи сафари расмӣ ба Амороти Муттаҳидаи Араб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Абу Забӣ аз Масҷиди ба номи Шайх Зойид ибн Султон Оли Наҳён боздид ба амал овард. Дар даромадгоҳи масҷид ходимони масъул Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтироми хос истиқбол гирифта, зимни шиносоии бино меҳмони олиқадрро ҳамроҳӣ намуданд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо нишони эҳтиром дар назди оромгоҳи Шайх Зойид, ки дар паҳлуи ҳамин масҷид ҷойгир аст, дуову фотеҳаи нек карданд. Ёдовар мешавем, ки зимни нахустин сафари расмӣ ба Амороти Муттаҳидаи Араб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 1995 бо асосгузори Аморот Шайх Зойид ибн Султон Оли Наҳён мулоқот карда буд. Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки масҷид соли 2007 ба ифтихори Асосгузор ва якумин Президенти Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Зойид ибн Султон Оли Наҳён сохта шудааст.