01:41, 07 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Мулоқот бо Валиаҳди Абу Забӣ Волоҳазрат Шайх Муҳаммад бин Зойид Олӣ Наҳён

Баррасии масоили рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории

Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Валиаҳди Абу Забӣ, муовини Сарфармондеҳи олии қувваҳои мусаллаҳи Амороти Муттаҳидаи Араб, Волоҳазрат Шайх Муҳаммад бин Зойид Олӣ Наҳён бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб сурат гирифт. Дар оғози мулоқот Валиаҳди Абу Забӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои ташрифи расмӣ ба Аморот хайрамақдам гуфт. “Тоҷикистон ба густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд бо Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб таваҷҷуҳи махсус дорад ва дар маҷмӯъ мо аз ҳолати имрӯзаи равобити дуҷонибаи кишварҳоямон изҳори қаноатмандӣ менамоем” - таъкид дошт зимни мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Ҷонибҳо изҳори умедворӣ намуданд, ки санадҳои нави ҳамкории зимни ин сафар имзошаванда дар соҳаҳои сиёсию амният, маориф, варзиш ва саёҳат заминаи ҳуқуқии муносиботи моро мукаммал мегардонанд. Дар ҷараёни мулоқот масоили ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати бунёди силсилаи иншооти гуногунҳаҷми гидроэнергетикӣ, такмили инфрасохтори нақлиёт бо сохтмони роҳҳои хушкигард, пулҳо, туннелҳо ва рушди истеҳсолу коркарди маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ гардид. Дар мулоқот инчунин доир ба густариши равобити илмию фарҳангӣ ва таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсоливу тиҷоратӣ дар соҳаҳои саноати сабуку хӯрокворӣ, коркарди сангҳои қиматбаҳою ороишӣ ва дигар масъалаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд, гуфтугӯй сурат гирифт.