00:23, 07 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо (15.03.2016)

Имрӯз аз тарафи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳо, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонида шуданд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)», «Дар бораи сармоягузорӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон», Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» дар таҳрири нав қабул гардида, асосҳои ҳуқуқии фаъолияти сармоягузорӣ, ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии давлатии сармоягузорӣ, кафолат ва тадбирҳои ҳимояи ҳуқуқи сармоягузоронро муайян ва дигар муносибатҳоро вобаста ба ин соҳа танзим менамояд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» низ дар таҳрири нав қабул гардида, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ), ҳуқуқу ӯҳдадориҳои аъзои онро муайян намуда, барои фароҳам овардани шароити мусоид ба рушди минбаъдаи фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ равона гардидааст. Мувофиқи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон» вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуда, ҳамзамон тартиби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани ӯ, салоҳият ва кафолатҳои моддию иҷтимоӣ, мӯҳлати ваколат ва дахлнопазирии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак муайян карда шудааст. Тағйиру иловаҳое, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва Кодекси оила ворид карда шуданд, тарзи дурусти сабт ва навишти насаб, ном ва номи падарро дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият тибқи талаботи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, манъи никоҳи байни хешовандони наздик ва тартиби аз муоинаи ҳатмии тиббии ройгон гузаштани шахсони никоҳшавандаро муайян мекунад. Инчунин мувофиқи ин тағйиру иловаҳо ба кӯдак гузоштани номи ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона, аз ҷумла номи ашё, мол, ҳайвонот, ном ва истифодаи ибораҳои таҳқиромезе, ки шаъну шарафи инсонро паст мезананд ва одамонро ба табақаҳо ҷудо менамоянд, манъ карда шудааст. Дар баробари ин ба ақаллиятҳои миллӣ номгузорӣ тибқи анъанаҳои миллиашон кафолат дода шудааст. Тағйиру иловаҳое, ки ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд, аз иқдоми башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, дар баробари ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ барои ҷиноятҳои дар моддаҳои 319 (гирифтани пора), 320 (додани пора) ва 321-и (иғвои порадиҳӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ҷазоро дар намуди ҷарима низ муқаррар кардааст. Бо истифода аз ин меъёр суд бо назардошти ҳолати кор ва шахсияти судшаванда метавонад нисбати ӯ ҷазоро дар намуди ҷарима таъин намояд. Чунин муносибат имконият медиҳад, ки шахсони бо моддаи мазкур гунаҳгор эътирофшуда, дар сурати иҷрои ҷазо дар намуди ҷарима аз озодӣ маҳрум нагардида, дар муҳити оила ба корҳои муфиди ҷамъиятӣ машғул бошанд. Ин меъёр имконият медиҳад, ки ҷазои боқимондаи шахсони бо моддаҳои номбурда ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда низ, ба ҷазои ҷарима иваз карда шавад. Инчунин бо ин тағйиру иловаҳо барои алоқаи ҷинсӣ, дигар ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта ё ҳаракатҳои бадахлоқона, ки бо суиистифода аз ҳиссиёт ва боварии динии ҷабрдида ё дар раванди таълими динӣ содир шудааст ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар карда шудааст. Қонунҳои қабулгардида дар маҷмӯъ ба таъмини пойдории сулҳу ваҳдат, ҳифзи инсон ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои ӯ, ҳимояи манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, беҳдошти фазои сармоягузорӣ, рушди фаъолияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафту инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳаёти кишвар равона карда шудаанд. Матни пурраи қонунҳои қабулгардида рӯзҳои наздик дар матбуоти расмии кишвар интишор карда мешавад.